Рубрики
Асосӣ Мақола

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: Хизмат ба Ватан қарзи соҳибватан аст

АНДЕША: Барои пойдори ва таъмини соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат Қувваҳои мусаллаҳ нақши муҳим дорад. Дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳамеша ҷавонони қавию ватанпарвар ҷалб гардидаву дар канори ҳам баҳри дифои марзу буми хеш хизмат мекунанд. Ҳамасола дар кишвар думаротиба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ сурат мегирад. Даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ҳар кишвар тарзу қонуни худро дорад. Дар Тоҷикистони азизи мо тибқи қонунгузорӣ низ сурат мегирад. Хушбахтона солҳои охир рафтан ба хизмати ҳарбӣ дар мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст ва дар ҳар даъват ҷавонони зиёде ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ватан ҳозир мешаванд, ки ин нишон аз таълиму тарбия онҳо дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ мебошад. Илова бар ин шароити замони имрӯз вазъи геопалитикии ҷаҳон, набарди абарқудратҳо ва худхоҳии гуруҳҳои тундраву ифротӣ, аз ҳар фарди солимақлу соҳибватан тақозо мекунад, ки баҳри дифои сарзамини муқаддасӣ хеш доимо омода бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 30-соли соҳибистиқлоли дар рушду нумӯъи тамоми соҳаҳо ба хусус дар соҳаи ҳарбӣ ба пешрафтҳо ноил гаштааст. Ҳаминаст, ки имрӯз ҳайати шахсии Артиши миллӣ бо шароитҳои беҳтарини будубош таъмин гардида баҳри дифои кишвар хизмат карда истодаанд. Хизмат ба ватан қарзи ҳар соҳибватан аст, зеро агар имрӯз мо ки дар ватан зиндаги дорему ҳифзи таъмини суботу оромии онро накунем, худ марзи онро аз нигоҳу хашми бегонае ҳифз накунем, ҳеҷ як бегонае онро ҳифз нахоҳад кард. Дар таҷрибаи таърих ва замони имрӯз ин нуқта башаку шубҳа рушану аёнаст. Масалан дар кишвари ҳамҷавори мо Афғонистон, дар Сурия, дар Ироқ ва даҳҳо кишварҳои дигар, ки ҳеҷ як бегонае махсусан баҳри дифои миллату ҳастии ин давлатҳо талош карда бошад. Танҳо бегонагон то расидан ба хатти охири ҳадафи худ талош карда сипас ин миллатҳоро ба ҳоли худ раҳо карданд. Маълум мешавад, ки бегона танҳо баҳри мақсади хеш кор мекунад. Мардуми тоҷик дар гузаштаву имрӯз бо ватандӯстиву ватанпарстӣ ва орияти диёрдорӣ маълуму машҳур буд. Пас мо насли ҷавон бояд чунин матонату иродаи гузаштагони хешро ҳифзу амали намоем. Амали намудани чунин орияти гузаштагонро дар роҳи хизмат ба ватан модар метавон таҷриба кард. Умедаст ҷавонони тоҷик бо иродаю матонати қавии хеш аз гушатагони хеш пайрави ва дар роҳи дифои марзу буми кишвар довталабона ба сафи Артиш ҳозир мешаванд.

Хизмат ба ватан қарзи соҳибватан аст,

Ҳар бе-ватане бидуни гуру кафан аст.

Нозу талаби маро ватан медонад,

Ин мулки куҳан мероси аҷдоди манаст.

Бо нури дуди мекунам ҳифз туро,

Ҳар қитъаи ту чу нури чашмони манаст.

Дар ҳифзи ватан ҷону тани мост сипар,

Ин ҷуръа дигар мабдаи аҷдоди манаст.

Ман тоҷикаму ҳифзи ватан дорам душ,

Соҳибватанам ватан маро кард оғуш.

Ҳоҷизода Саидвоҳид Кӯҳистони Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *