Рубрики
Асосӣ

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: Хоҷапарастону хиёнакорон бахшида намешаванд!

Мо дар замони авҷи тараққиёту пешрафт ва таниши қудратҳову ба вуҷуд омадани гурӯҳҳои худхондаву худхоҳ ва ҷаҳолатпарвар қарор дорем. Инчунин падидаҳои номатлул аз ҷумла терроризму эктсремиз низ ба авҷи худ расидаву дар ҳар гӯшаю канори олам ба назар мерасад.  Мутаассифона бо ба вуҷуд омадани интернет ба хусус шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва қобили дастрас гардидани қишри зиёди ҷомеа ба ин шабакаҳо,  як андоза ба гурӯҳҳои ифротгарову худхоҳ ва манфиатпарвару хоҷапараст минбари таблиғ гардидааст. Албатта инҷо манзури мо нигарони аз пешрафти технология нест, балки бо вуҷуди минбари тарбия табдил додани интернет, минбари ҷаҳолат низ шудааст.  Тоҷикистон аз зумраи кишварҳои ҷавони рӯ ба тараққист, ки ҳанӯз бо 30-сол даври соҳибистиқлоли дар тамоми минбарҳои сатҳи байналмилалӣ ба хотири пешгири аз амалҳои номатлубу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ҳимояти худро эълон кардаву бо ҷуръатона амалан низ кор карда истодааст.  Ба ин нуқта бояд таваҷҷуҳ кард, ки терроризм ва экстромизм падидаҳои номатлуби ҷомеа мебошанд, ки ҷомеаи ҷаҳони аз ин падидаҳо дар ташвиш ҳасту онро маҳкум мекунад. Маълумаст, ки  ашхоси худфурухтаву пасфитрату бемаърифат шомили ин падидаҳо мегарданд. Илова бар ин аз ин ашхос пасфитраттару худфурухтатар, хоҷапарастони хориҷи мебошанд. Боиси таассуфаст, ки чунин ашхоси хоҷапараст аз зодагони кишвари мо низ ҳастуанд. Онҳо гумон мекунанд, ки бо ин амалашон барои озодию ободи гом мебардоранд, вале бехабар аз он, ки бо ҷойи ин амал баръакас ба обруйи миллати азиз латма мезананд. Дар шумули ин ашхос яке аз хоинон ва хаҷапарстӣ ватанфуруш Муҳаммадиқболи Садриддин  мебошад, ки ба воситаи шабакаҳои иҷтимои мисли як пистаи бемағз лабво мекунаду аз расовигии худ дарак медиҳад. Ҳар як кор ҳадду андоза ва сухан низ бо накӯияш шоитстаи пазириш аст. Аммо ин хоҷапараст тавре ба ҷаҳолат гирифтор шудаву ҳарф мезанад,  ки кас гумон меунад, ки аз ҷангал омадаву ҳол ба тарзи рӯзгори инсоният шиносоӣ надорад. Ҷойи афсусаст, ки бо чунин ҳолаш ҳастан ҳаммаслаконе, дунболи уро мегиранду ё дар ҳамоҳанги бо у суханонашро воқеию пурранг унвон мекунанд. Кулли ҳарфу ҳиҷое, ки баён мекунанд куҷо вокеъият доранд? Тоҷикистон як кишвари озоду соҳибистиқлол мардуми шарифи он дар сояи амну субот рӯзгор ба сар мебаранд.Рӯзгор бо шебу фарозаш бо пастию баландияш мечархаду мегузарад. Шосита нест, ки ҳар ҳарферо ё сирри хонаи худро ба рухи ҷомеа кашидану баён кардан. Ҳамчунин ҳамаслак ва амсоли иқболча зиёданд сафсатагӯю худфурухта. Ба рости хиёнат ба ватан маънои онро надорад, ки шахс ҳангоми набард алайҳи душман баҳри ҳимоияи ватан майдонро тарк кунад, ё дар пешонаи хиёнаткор навишта нашудааст. Хиёнат ба ватан дар амал дар гуфтору кирдор низ  метавонад падид ояд. Пас аз ин маълум мешавад, ки иқболчаю садҳо чун ин пистаи бемағз дар амалу кору рафторашон ба ватану миллат хиёнат кардаанд ва ин амалашонро ҳаррӯз анҷом медиҳанд. Миллати тоҷик дар байни ҷомеаи ҷаҳони бо нангу номус орияти ватандорӣ, рамсу оини хоси аҷдоди ва аз ҳама муҳим бо қавииродагияш обрӯю манзалат дорад. Шумоки аз ин оини миллат пойи худ берун мондаву ба дунболи хоҷагони худ рафтед пас яқинан хиёнаткор ҳастед ва миллату давлати тоҷик шуморо ҳаргиз намебахшад ва фитнаагезиҳои шумо балои саришумо хоҳанд шуд.

                                КИ ҲХДТ дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *