Рубрики
Асосӣ

КӮҲИСТОНИ МАС ТЧОҲ: Туҳфаи Президент ба ҳар як хонавода дарстрас гардид

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тибқи дастури Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муьтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонавода, китоби «Тоҷикон» шоҳасари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров дастрас карда шуд. Ин шоҳасари безавол ҳамакнун узви ҳар як хонадони кишвар ва зиёбахши дилу дидаҳо мегардад.

Асосгузори сулҳу ваьдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ьизб, муьтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Мажлиси Олӣ дастур доданд, ки китоби «Тоҷикон» бо теъдоди калон чоп карда, дастраси ҳар хонаводаи аҳли Тоҷикистон гардонида шавад. Бо мақсади иҷрои ин дастури Роҳбарияти Олии мамлакат китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ворид карда шуда, тайи ду рӯзаст, ки дар ҷамоату деҳоти ноҳия тақсимоти китоби «Тоҷикон»- туьфаи Пешвои миллат дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлати ба ҳар як хонаводаи ноҳия идома дорад.

Сокинони мамлакат ба хусус сокинони ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ аз чунин иқдоми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хушнуди пазируфта, аз чунин ҳадяи маънавии Роҳбари давлат изҳори хушнуди мекунанд.

Бояд гуфт, ки шоҳасари «Тоҷикон» аз ду китоб, шаш фасл ва нуҳ боб иборат мебошад. Он ба андозае пурмӯҳтавою фарогираст, ки муҳаққиқони варзида онро ситоиш карда ҳатто «Шиносномаи таърих ва тамаддуни миллати тоҷик» номидаанд. Дар ин китоб ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти халқи тоҷик дар моварои асарҳову замонҳо, ҳам аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози илмию фарҳанги дахл карда шудааст. Ин шоҳасар, таърихи пурҳаводиси халқи тоҷикро дар аҳди бостон то Инқилоби Октябр, бо далелу арқомҳои раднопазири таърихӣ, дар хусуси ҳасти миллати тоҷикро возеҳу ошкоро бозгу мекунад. «Тоҷикон» барои дар руҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои ниёгон, шинохти вақеъияти таърихӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон аҳамияти муҳим дорад. Дар воқеъ китоби «Тоҷикон» сазовори ҳамагуна арҷгузориҳост, зеро Пешвои миллат онро «Муътабартарин сарчашмаи худогоҳиву худшиносии миллӣ» унвон кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи ҳисоботҳои оморӣ, аҳолии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 26 ҳазору 651-нафар буда, теъдоди хоҷагиҳо 4377 мебошад. Ба иттилои маъсулини ноҳия баробар ба теъдоди хоҳагиҳо китоби «Тоҷикон» ба ноҳия ворид карда шудааст ва дар давоми на камтар аз 4-рӯз деҳа ба деҳа дар баманзил дастраси ҳар як оилаи сокини ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ карда мешавад.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баҳри амали намудани чунин иқдоми Раиси муаззами ҳизб бетараф набуда, инчуни баҳри роҳандозии ҳамаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ пайваста корбари менамояд.

Ҳоҷизода Саидвоҳид

мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *