Рубрики
Uncategorized

МАВҚЕИ ҲИЗБРО ДАР ҶОМЕА БОЯД МУСТАҲАКАМ КАРД (Ё ҚАЙДҲО АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ РӮЗҲОИ ҲИЗБ ДАР ПАНҶАКЕНТИ БОСТОНӢ)

Бо дарки воқеияти ҷомеи муосир, ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардуми тоҷик давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ куллан тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ бо эҷоди ташаккули давлатдории миллӣ тадриҷан ҳалли худро пайдо намуда истодаанд. Дар остонаи таҷлили 30 – солагии Истиқлоли миллӣ таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагиву бунёдӣ дар саросари мамлакат вусъати тоза пайдо карда, тавассути заҳматҳои содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар кишварамон ба як давлати рӯ ба инкишофу тараққӣ мубаддал гардидааст. Шаҳри бостонии Панҷакент низ аз ин истисно нест. Бояд қайд кард, ки ду сол қабл гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ин сарзамини куҳанбунёд ва шоирхез бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент боздид ба амал оварда буданд. Сафари навбатӣ ба санаҳои 25 – 26 майи соли 2021 рост омад. Кормандони масъули Кумитаи вилоятии ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру навоҳии вилоят бо сарварии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар доираи иқдоми “Рӯзҳои ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент” ба шаҳри Панҷакент омаданд. Мақсад аз ташрифи намояндагони кумиҷроияҳои вилоят ва шаҳру навоҳӣ омӯзиши таҷрибаи фаъолияти ҳизбии ҳамдигар ва тақвият бахшидан ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ мебошад. Меҳмонон зимни ташрифи навбатӣ ба хубӣ дарк ва эҳсос карданд, ки шаҳру деҳот сол то сол шукуфотару ободтар гардидааст ва ин ҳама аз файзу нусрати соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ мегардад. Шоистаи зикр аст, ки ба ифтихори таҷлили 5500-солагии Саразми бостон ва 80-солагии шоири Халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент як қатор иншоотҳои ҷашнӣ қомат афрохтаву шукӯҳу шаҳомати шаҳрро фузунтар намудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки меҳмононро раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пазироӣ намуда, онҳоро ба шаҳри бостонии Панҷакент хайра мақдам гуфт. Ҳамчунин, изҳор дошт, ки сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент ба истиқболи ҷашни бузурги давлатӣ – 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа омодагӣ доранд ва якчанд иншоотҳои ҷашнӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Ҳамкориҳои пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро бо кумиҷроияии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент хубу шоиста арзёбӣ кард. Афзуд, ки на танҳо ҳамчун узви ҲХДТ, балки чун инсони ватандӯсту меҳанпараст ба ҲХДТ, ҳизби созандаву бунёдкор, ваҳдатшиору инсонпарвар бояд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд. Дар амалӣ намудани барномаву оинномаи ҲХДТ муваззаф будани ҳар нафар аъзои ҳизбро махсус зикр кард.

Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Исмоилзода Зуфар Муртазохон барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуд ва мақсади ташриф овардан ба шаҳри Панҷакентро баён кард. Тибқи барномаи “Рӯзҳои ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент” онҳо аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр боздид ба амал меоранд ва таҷриба иваз мекунанд.

Баъд аз анҷоми мулоқоти ду ҷониб меҳмонон бо ҳамроҳии Раиси шаҳр Холиқзода Абдухолиқ Санавбар дар пояи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ гулчанбар гузоштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *