Рубрики
Асосӣ

МАРДУМИ БАДАХШОН, ТАҲАММУЛГАРО БОШЕД!

ВОКУНИШ.Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллū, ҳисси ватандўстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои имрўзаи рушди давлатдории миллū маҳсуб мешавад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихū ва рисолати  шаҳрвандии мо аз он иборат  аст, ки давлати ҷавони миллū, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна пайомадҳои манфū эмин нигоҳ дорем.

Дар шаҳри Хоруғ як қисм ҷавонони гумроҳи хоинони миллат гашта мехоҳанд , ки нооромиҳоро нисбати кишварамон ба амал оваранд. Ин воқеияти талх моро вазифадор менамояд, ки корҳои пешгирū ва фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзўр намоем. Дар ин марҳилаи ҳассос ҷавонон бояд ҳамеша омодаи мудофиаи марзу буми Ватан бошанд, ба дассисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона дода нашаванд ва Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоянд. 

Мардуми сарбаланди Бадахшон Шумо мардуми бофарҳанг ва бомаданият ҳастед, ки аз қарнҳо босаводии шумоёнро қайд кардан ба маврид аст, аммо имрӯзҳо гирди шумо нохалафе чарх мезанад, ки шумоёнро  гумроҳ гардонида истодааст, ки маданият ва тинҷию осудагии шуморо аз байн бурда истодааст. 

 Шумо гумроҳи нохалафон, террористон ва хунхуроне ҳастед, ки барои нотинҷию нооромии модарону хоҳарони шумо саъйю талош доранд, магар модари тоҷик, зани ҷангдидаи солҳои пешин ин саҳнаҳои даҳшатоварро бори дигар дидан мехоҳад? Хоҳарони паршикаставу фарзандони бепадармонда чунин ҳолатро мехоҳанд?

Бас кунед ифрогарони нохалаф, хоки тоҷиконро пур аз хун накунед, фарзанди мардумро гумроҳ зери панҷара накунед! Аз дур истода ин ҷавонони бечораро ба шур андохтед, видеороликҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дилхунам мекунад. Махсусан дар вазъияти кунунӣ, ки гурӯҳҳои ифротгару хоини беватан мехоҳанд халалдори сулҳу суботи мо гарданд, дар ин маврид мо бояд ҳушёриро аз даст надода, аз як гиребон сар бароварда нагузорем, ки шахсони нохалаф, террорист ва ифротгар бо гуфтаҳои маразинаш фикрҳои моро парешон намоянд, бояд дастаҷамъона, оқилона зери партави супоришҳои сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаракат намоем, чунки мо пайрави Пешвои созандакор ҳастем. Рузҳое, ки ба давлату миллати мо аз ҷониби гуруҳҳои палиду беимон, беватану бесавод шуришҳо меандохтанд фаромуш нахоҳад гашт ва то ҳануз бо фитнаву найранги хеш мехоҳанд зиндагии мардумро талх созанд ва бо нияти нопоки худ пояҳои истиқлолияти давлатиро заиф гардонанд, аммо мо нахоҳем гузошт то, ки ин гуна ашхоси беватан ба давлати тинҷу осудаи мо халал ворид созанд, чунки мо ҷавонони созандакор, бо тарбия, соҳибмаърифату ватандӯстдор дорем ва алалхусус зери кору пайкори сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият менамоем. 

 Чи хеле ки медонем ва огаҳ ҳастем, душман ҳилагару маккор аст ва бояд ақлҳоро кор фармонд, то ки фирефтаи гуфтаҳову найрангҳои ашхоси бадхоҳ нагардем ва барои осоиштагии миллат саҳми созгоре дошта бошем. Зиндаву поянда бод Тоҷикистони азизамон! 

Равшаной Маъмурзода 

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *