Рубрики
Асосӣ

Маросими гулчанбаргузорӣ бар пояи Муҷассамаи ҷанговарони байналмилал

Субҳи имрӯз ба муносибати 33-юмин солгарди Рӯзи хуруҷи нерӯҳои низомии собиқ Иттифоқи Шӯравӣ аз хоки Афғонистон дар назди Муҷассамаи ҷанговарони байналмилалии воқеъ дар боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд маросими гулчанбаргузорӣ сурат гирифт.

Хол Ҳайдар, муовини аввали Раиси вилояти Суғд, Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, Бахтиёр Боқизода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, , мушовири Вазири мудофиаи мамлакат дар вилояти Суғд генерал-майор Аъзам Қосимов, комиссари ҳарбии вилоят, консули Федератсияи Руссия дар шаҳри Хуҷанд, раисони собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанду вилояти Суғд, раисони ташкилотҳои ҷанговарони интернатсионалист, ҷанговарони интернатсионалист, кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр бо арзи эҳтиром дар пояи Муҷассамаи ҷанговарони байналмилал гулчанбар гузоштанд.

Таъкид шуд, ки дар муҳорибаи шадиди ин давлат 14500 нафар аскару афсари шӯравӣ қурбон шуд, зиёда аз 50000 нафар маҷрӯҳ гардида, беш аз 300 нафар бе ному нишон гашт. Аз вилояти Суғд низ 3100 нафар қарзи интернатсионалистии худро иҷро кардааст. Шумори қурбониёну маҷрӯҳгаштагон зиёд аст. Аксари ҷанговарону иштирокдорони тоҷик дар он солҳо барои шуҷоатмандиашон бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлати Афғонистон қадр шудаанд.

Ва ҳамасола санаи 15 феврал чун Рӯзи хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон ба ҷашни касбии собиқадорони интернатсионалист мубаддал ва рӯзи шаҳидони дар ин ҷанг ҳалокгардида қайд гирифта мешавад.

Зикр гардид, ки насли наврас ва ҷавонон бояд бо дониши дунявӣ мусаллаҳ бошанд. Дар муассисаҳои таълимӣ дарси мудофиаи гражданӣ хуб ба роҳ монда шавад, то онҳо ҳимояи Ватанро омӯзанд. Вазифаи волидайн ва омӯзгорон дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзанду шогирд аст. Агар инсон дониши хуб дошта бошад, вай ҳатман ватандӯст ҳам мешавад, агар ватандӯст шуд, албатта, намегузорад, ки душман ба ватану зодгоҳаш хатар эҷод намояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳ ҳамеша пойдор бошад. Бигузор, ҷавонони мо калимаи ҷангро фақат аз китобҳо бихонанд. Бошад, ки мардуми кишвар дар фазои сулҳу субот, оромиву ваҳдат ва озодӣ умр ба сар баранд.

Ба ин муносибат аз тарафи Шӯрои собиқадорони интернатсионалист дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ хонандагон силсилаи мулоқотҳо бо собиқадорони интернатсионалист баргузор шуда истодааст.

Манбаъ: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *