Рубрики
Асосӣ

Маросими супоридани шаҳодатномаи хатмкунандагони

Мактаби захираи кадрҳои назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

      Санаи  13-уми октябри соли равон дар “Кохи Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаи хатмкунандагони мактаби захираи кадрҳои назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар маросими супоридани шаҳодатномаи хатмкунандагони ин мактаб намояндаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Султонзода Тоҷибой Султонӣ, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ, фаъолони ҳизб, сардорони Раёсатҳо, олимон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ,  собиқадорон инчунин аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Чанд сол аст, ки дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мактаби омодакунии захираҳои кадрӣ амал мекунад. Маврид ба зикр аст, ки мактаби захираи кадрҳои назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд чандин шахсиятҳои варзида, ходимони давлативу ҷамъиятиро ба шоҳроҳи роҳбарӣ, раҳнамоӣ намудааст. Зеро ба шунавандагони ин мактаб шахсиятҳои намоёни давлатӣ, беҳтарин донандагони касби хеш аз таҷрибаву малакаи андӯхтаи худ дарси сиёсат, одамият, садоқату ватанпарастиро омӯзониданд. Чорабиниро Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М.  ифтитоҳ намуда, кулли иштирокчиёнро ба муносибати фарорасии яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ – 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод намуд ва қайд карда шуд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи кадрҳои болаёқат, диққати махсус зоҳир намуда, пайваста таъкид мекунанд, ки ҷавонони болаёқат ояндаи миллатанд. ҲХДТ “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон” – ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад. Дар ин раванд,  бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли калонсолро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

        Дар идомаи чорабинӣ, ходими намоёни давлатӣ Раҳимова Биҳоҷал Фатҳидиновна ва  ректори ДДҲБСТ, муҳтарам Шарифзода Муъмин Машокир суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту заҳматдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро тарбия кунем, то онҳо тавонанд Ватани азизамонро ҳамчун намояндагони сазовор ва арзандаи миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ намоянд

      Сипас, хатмкунандагони мактаби захираи кадрҳо миннатдории худро ба ташкилкунандагони ин мактаб изхор намуданд.

       Дар фарҷоми чорабинӣ ба 33 нафар хатмкунандагон Мактаби захираи кадрҳои назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи хатм супорида шуд. Инчунин ба 10 нафар устодоне, ки ба шунавандагон дарс гуфтанд номаи миннатдорӣ супорида шуд. Чорабиниро сурудҳои дилнишини ҳофизони шинохтаи вилояти Суғд ҳусни анҷом бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *