15 феврал дар бо ибтикори намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Мастчоҳ мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба волейбол дар байни муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбии ноҳия дар толори варзишии Литсейи касбии саноати кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи мусобиқа раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров оид ба мақсаду вазифаҳои мусобиқа сухан гуфт. Гуфта шуд, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади бештар намудани дӯстиву рафоқати наврасону ҷавонон, ташаккули эҳсоси ватандӯстии онҳо ва рушду равнақи варзиш роҳандозӣ гардида, ғолибон бо диполму туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
Сипас бозиҳо дар байни дастаҳои иштирокчӣ шавқовар ҷараён гирифта, ба манфиати МДТ Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ (ҷои аввал), Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳия (ҷои дуюм) ва Коллеҷи омӯзгории Мастчоҳ (ҷои сеюм) хотима ёфтанд.