Рубрики
Uncategorized

МАСТЧОҲ: АКСИЯИ НОҲИЯВӢ БАРОИ ДУРУСТ ИСТИФОДА БУРДАНИ ОБУ БАРҚ ВА ТАҶҲИЗОТИ ГАРМИДИҲАНДА ДАР РӮЗҲОИ САРМОИ ШАДИД

Новобаста хунукии сахт Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади тарғиби истифодаи оқилона ва дурусти оби нӯшокӣ,   барқ, таҷҳизоти гармидиҳанда ва хатҳои обу барқ дар рӯзҳои сармои шадиди рӯзҳои охир аксияи ноҳиявии “Эҳтиёт – нисфи ҳаёт”-ро баргузор намуд.

Дар доираи аксияи мазкур масъулини кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб бо сокинони ноҳия оид ба пешгирӣ намудани ҳолатҳои аз хунукӣ кафидани  қубурҳои обгузар,  сӯхтор, дуруст истифода бурдани таҷҳизоти гармидиҳанда ва сарфаи  нерӯи барқ сӯҳбат карданд.

Таъкид гардид, ки барои ба вуқӯъ наомадани ҳодисаҳои нохуш ҳар як сокини ноҳияро зарур аст, ки дар рӯзҳои ба таври ғайримуқаррарӣ паст фаромадани ҳаво эҳтиёткор бошанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ  ҳатман ба идораҳои дахлдор  – обтаъминкунӣ, сухторнишонӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда занг зананд.

Махсусан барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои яхбандии қубурҳои обгузар ва сар назадани сухтор дар ҳар як хона бояд чораҳои ҳатмӣ андешида шаванд. Аз ин рӯ аз ҳамаи сокинони ноҳия эҳтирмона хоҳиш менамоем, ки дар рӯзҳои сармо тибқи  тавсияҳои мутахассисон амал намуда, худ, хонавода ва моликияташонро аз ҳодисаҳои нохуш эмин доранд.

Муллошукур ШОКИРЗОДА,

“Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *