Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: Аёдати аввалин сардухтури сэс-и ноҳияи мастчоҳ дар арафаи рӯзи касбии табибон

Имрӯз, 17 августи соли ҷорӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода яке аз собиқадорони накӯноми соҳаи тандурустӣ, ки наздик ба 60 соли ҳаёти худро барои рушди соҳа ва нигаҳдории саломатии аҳолӣ бахшидааст – Нурмуҳаммад Гуловро аёдат намуд ва ба муносибати Рӯзи касбии табибон табрик гуфт.

Нурмуҳаммад Гулов бо ёдоварӣ аз солҳои вазнини муҳоҷират, ободии дашти Дилварзин, саҳми аввалин табибон дар рушди соҳа таъкид кард, насли ҷавонро зарур аст, ки ба хизмати аҷдоди худ аҷр гузорад ва роҳи пурифтихори онҳоро идома диҳад.

Нурмуҳаммад Гулов 20 августи соли 1932 (дар ҳуҷҷатҳои расмӣ иштибоҳан соли 1934 қайд шудааст) дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омада, пас аз гирифтани маълумоти тиббӣ ба хизмати мардум камар бастааст. Мавсуф аввалин сардухтури СЭС-и ноҳияи Мастчоҳ (ҳоло Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ) мебошад. Ӯ соли 1996 ба нафақа баромад, вале ҳамеша мунису ёвари мардум боқӣ монд.

Нурмуҳаммад Гулов ҳоло дар ҳалқаи 7 фарзанди дилбанд ва набераву абераҳои меҳрубон, ки дар соҳаҳои гуногун ба халқу ватан содиқона хизмат мекунанд, давлати пирӣ меронад.

М. ШОКИРЗОДА,

“Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *