Рубрики
Uncategorized

МАСТЧОҲ: АЁДАТИ БЕМОРОН ВА ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН АЗ ҶОНИБИ УЗВИ ФАЪОЛИ ҲХДТ МУЛЛОМАҲМАД ДАВЛАТОВ

Узви фаъол ва собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сардори шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ Мулломаҳмад Давлатов дар доираи ташаббуси кумиҷроияи ноҳиявӣ  вобаста ба бештар намудани корҳои хайру савоб як гуруҳ собиқадорони меҳнат, ки айни ҳол дар бистари беморӣ ҳастанд ва оилаҳои ниёзмандро аёдат намуда,  ба онҳо кӯмаки яквақтаи модӣ тақдим кард.

Ин кори хайру савоб гувоҳи он аст, ки аъзои фаъоли ҳизб барои татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша талош меварзанд. Мулломаҳмад Давлатов яке аз чунин афроди саховатпеша буда, бо кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб иртиботи мустақим ва устувор дорад. Бояд гуфт, ки дар бунёди бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ саҳми Мулломаҳмад Давлатов калон аст.

Муллошукур ШОКИРЗОДА,

“Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *