Рубрики
Асосӣ

Мастчоҳ: Аёдати собиқадори накӯноми меҳнат раҷабмуҳаммад ниёзов

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода ва раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби кумиҷроияи ноҳиявӣ Олимхон Исматӣ собиқадори накӯноми меҳнат, Корманди шоистаи Тоҷикистон Раҷабмуҳаммад Ниёзовро аёдат намуданд.

Зимни суҳбати самимӣ М. Почозода аз хизматҳои бисёрсолаву бенуқсони мавсуф ёдоварӣ намуда, ба Р. Ниёзов барои меҳнатҳои пурсамар ва тарбияи фарзандону шогирдон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва хизмати содиқона ба халқу ватан сипосгузорӣ кард.

Раҷабмуҳаммад Ниёзов яке аз табибони донишманд ва фидокори ноҳия буда, масъулияти роҳбарии маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Мастчоҳро ба зима дорад. Саҳми ӯ дар рушди соҳаи тандурустӣ, тарбияи табибони ботаҷриба ва тарғибу татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст.

М. ШОКИРЗОДА,

“Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *