Омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таҷрибаву хизматҳои бисёрсолаи собиқадорони меҳнат аз ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Зеро собиқадорони меҳнат тамоми донишу таҷриба ва нерӯи худро барои амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ва ободиву пешрафт бахшидаанд.
Аз ин ҷост, ки 12 январи соли ҷорӣ қабл аз маҷлиси ҷамъбастӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода, муовини раиси ноҳия Дилшод Зокирзода, сардабири нашрияи вилоятии ҳизб – ҳафтаномаи “Сухани халқ” Абдусабури Абдуваҳҳоб ва раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи ноҳиявӣ Олимхон Исматӣ собиқадорони соҳаи фарҳанг Шокирбек Қосимов, соҳаи маориф Сафар Сафаров ва матбуот Мирзоҳамдам Шарифзодаро аёдат намуда, барои хизматҳои бисёрсолаи онҳо баҳри пешрафту ободии диёру Ватан сипосгузорӣ карданд.
Таъкид гардид, ки таҷрибаи ҳар яки онҳо барои насли имрӯзу фардо сарчашмаи ибрат ва шоистаи пайравӣ буда, моро ба худшиносиву ватандӯстӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан роҳнамоӣ мекунанд.
Муллошукур ШОКИРЗОДА,
Рустам САЛИМЗОДА,
“Нигоҳи халқ”