Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: АЁДАТ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ АРТИШИ МИЛЛӢ

  Тибқи нақшаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ субҳи имрӯз санаи 12.02.2023 роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкилии кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Хусрав Ашӯрзода ва раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Олимхон Исматӣ дар арафаи истиқболи таҷлили ҷашни 30-солагии Артиши миллӣ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳотамбек Шокирови 97 сола ва падари полковники марҳум Суханвар Олимов, собиқ сардори дидбонгоҳи ноҳияи Шамсуддин Шоҳинро  аёдат намуданд.

  Зимни аёдат Роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкилӣ Хусрав Ашӯрзода аз вазъи саломатии аёдатшудагон пурсон шуд.

   Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳия Олимхон Исматӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати собиқадорони ҷангу меҳнат ёдовар шуда, дар охир ба эшон тансиҳативу хотирҷамъӣ таманно намуд.

   Ҳотамбек Шокиров ва  падари полковники марҳум Суханвар Олимов бо шукрона аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дастгириву ғамхориҳои падаронаи Пешвои  миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори  миннатдорӣ намуданд.

М.АБДУҶАББОР,

“Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *