Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: БАРГУЗОРИИ РӮЗҲОИ ҲИЗБ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Бо дарки воқеияти ҷомеи муосир, ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардуми тоҷик давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ куллан тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ бо эҷоди ташаккули давлатдории миллӣ тадриҷан ҳалли худро пайдо намуданд. Новобаста аз вазъи ноороми мамлакат ва заъфи имкониятҳои мавҷуда, дар давлати мо таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагиву бунёдӣ вусъати тоза пайдо карда, тавассути заҳматҳои содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар ба як давлати рӯ ба инкишофу тараққӣ мубаддал гардидааст.

Ноҳияи зебоманзари Мастчоҳ низ аз ин истисно нест. Бояд қайд кард, ки фаъолияти кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ рӯз то рӯз густариш меёбад. Қомат афрохтани бинои кумиҷроияи ҳизбӣ ба фаъолияти кормандони кумиҷроия беҳбудӣ бахшид. Зеро шароити корӣ дар ҳуҷраҳои барҳавову ба таври муосир ҷиҳозонидашуда ба самаранокии кор мусоидат мекунад.

Санаи 30 июни соли 2022 кормандони Кумитаи вилоятии ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру навоҳии вилоят, фаъолони ҳизб бо сарварии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар доираи иқдоми “Рӯзҳои ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ” ба ноҳияи Мастчоҳ омаданд. Мақсад аз ташрифи намояндагони кумиҷроияҳои вилоят ва шаҳру навоҳӣ омӯзиши таҷрибаи фаъолияти ҳизбии ҳамдигар ва тақвият бахшидан ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ мебошад.

Меҳмонон зимни ташрифи навбатӣ ба хубӣ дарк ва эҳсос карданд, ки ноҳия сол то сол шукуфотару ободтар гардидааст ва ин ҳама аз файзу нусрати соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ мегардад. Шоистаи зикр аст, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ободкориву созандагӣ дар ноҳия вусъат ёфтааст. Биноҳои ободу зебо ва хуштарҳу замонавӣ, бахусус, Қасри бошукӯҳи фарҳанг, гулгашту хиёбонҳои назаррабо  бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия як қатор иншоотҳои ҷашнӣ қомат афрохтаву шукӯҳу шаҳомати ноҳияро фузунтар намудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳия Раиси ноҳия Ализода Аъзам Наврӯз, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров ва дигар кормандони МИҲД-и ноҳия ва кумиҷроия гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Сипас, Раиси ноҳия Аъзам Ализода меҳмононро дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пазироӣ намуда, онҳоро ба ноҳияи зебоманзари Мастчоҳ хайра мақдам гуфт. Ҳамчунин, изҳор дошт, ки сокинони ноҳия ба истиқболи ҷашнҳои бузурги давлатӣ – 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа омодагӣ доранд. Ҳамкориҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро бо кумиҷроияии ҲХДТ дар ноҳия хубу шоиста арзёбӣ кард. Афзуд, ки на танҳо ҳамчун узви ҲХДТ, балки чун инсони ватандӯсту меҳанпараст ба ҲХДТ, ҳизби созандаву бунёдкор, ваҳдатшиору инсонпарвар бояд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд. Дар амалӣ намудани барномаву оинномаи ҲХДТ муваззаф будани ҳар нафар аъзои ҳизбро махсус зикр кард.

Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Исмоилзода Зуфар Муртазохон барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуд.  Мавсуф афзуд, ки “Рӯзҳои ҲХДТ” дар рӯзҳое баргузор шуда истодааст, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон чанд рӯз қабл рӯзи ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар сатҳи баланди сиёсиву ғоявӣ ҷашн гирифтанд. Гуфта шуд, ки маҳз бо ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ раванди нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гашт. Имрӯз тоҷикистониён 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро бошукӯҳ таҷлил намуданд, ки барои расидан ба ин рӯзҳои саодатбор, пеш аз ҳама, заҳмату хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва сутуданӣ аст. Давоми 25 соли оромиву суботи кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ҷараён доштанаш бо мисолҳои мушаххас баён карда шуд.

Қайд карда шуд, ки тибқи барномаи “Рӯзҳои ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ” онҳо аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия боздид ба амал меоранд ва таҷриба иваз мекунанд.

Дар интиҳои сухан Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳозиринро бо 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфт ва ба ҳамагон барору комёбӣ ва саодати рӯзгорро таманно кард. Орзу намуд, ки Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ҳамеша бо музаффарияту комёбиҳои афзун боз ҳам ба тараққиёту пешрафтҳои беназир ноил гардад.

Баъдан раисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят ва кормандони дасгоҳи Кумиҷроияи вилоятӣ ба 6 гурӯҳ тақсим шуда, аз фаъолияти 36 ташкилотҳои ибтидое, ки ба қайд гирифта шудаанд, дидан намуданд. Маврид ба зикр аст, ки шумораи аъзо дар кумиҷроияи ноҳиявӣ 6150нафарро ташкил медиҳад.

Шоистаи тазаккур аст, ки дар доираи Рӯзҳои ҳизбиёни вилоят Раиси Кумиҷроияи вилоятӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси ноҳия Ализода Аъзам Наврӯз ду нафар шахсони барӯманд ва ду оилаи ниёзмандро аёдат намуданд.

Ҳамчунин, дар доираи “Рӯзҳои ҳизб дар ноҳияи Мастчоҳ” аз якчанд корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, Корхонаи коркарди шири “Нури Сафар”, ки дар назди “Комбинати шири Душанбе” сохта шудааст ва он 14 сентябри соли 2020 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидааст, сехи дӯзандагӣ, ки 50 нафар бонувон ба фаъолият фаро гирифта шудаанд ва сехи макаронбарорӣ дидан ба амал оварда шуд.

Меҳмонон аз ҷараёни сохтмони чанд иншоотҳои ҷашнӣ низ дидан намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *