Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: БОНУВОНУ ЗАНОНИ ХОНАШИН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

Тибқи нақшаи КИ ҲХДТ  мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ -Мунира Ашӯрова дар Китобхонаи марказии ба номи Қувват Давлат бо иштироки бонувону занони хонашин ва ҷавондухтарони муассисаҳои ноҳия вохурӣ баргузор намуд.

  Дар ин вохурӣ ҷонишини директори китобхонаи мазкур, аъзои комиссияи доимамалкунандаи шӯрои занони кумитаи ноҳиявӣ Кибриё Адҳамова  ва собиқадори соҳаи маориф, омӯзгори МТМУ рақами 16 Амонсултон Давлатова иштирок доштанд.

Баромадкунандагон доир ба мавзуъҳои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занон, риояи талаботҳои қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба расму оинҳои милливу фарҳангӣ,  оиладорӣ, пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон, омилҳои номатлуби ҷомеа, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва расонидани ёрии аввала ба оилаҳои осебпазир, омилҳои таҳдиди даст задан ба худкушӣ ҳамчунин таъсири манфии муҳоҷирати меҳнатӣ ба оила мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки занону бонувонро зарур аст, ки дар баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва  дар  рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори миллию ватандорӣ тарбия намудани  фарзандони худ  саҳмгузор бошанд.

Намоиши китоб ва маводҳои маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ доир ба мавзуъ ба вохурӣ шаҳомати дигар бахшид

М.НУЪМОНЗОДА,

“Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *