Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: ВОХУРӢ БО АФСАРОНУ САРБОЗОН ДАР АРАФАИ ҶАШН

Имрӯз, санаи 14.02.2023 ба истиқболи 30-солагии Рӯзи Артиши миллӣ  кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ аз қисми ҳарбии 14356 В дидан намуда, сарбозонро ба ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо меваҷоту маводҳои хӯрока тақдим намуданд.

 Сараввал командири ротаи 1-уми тирандози саворӣ дар автомобили қисми ҳарбии мазкур Саидов Ҷаҳонгир вохуриро ифтитоҳ намуда, мақсади онро шарҳ дод.

 Баъдан муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сангинмо Мирзобекова суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Бояд ёдовар шуд, ки дар таъсиси Артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят назаррас аст, таъкид намуд; -муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сангинмо Мирзобекова.

  Роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкилии кумитаи иҷроияи  ноҳиявӣ Хусрав Ашӯрзода зимни суханронӣ ёдовар шуд, ки адо кардани хизмати сарбозӣ, ҷавонмардона Модар-Ватанро ҳимоя кардан ин худ як мактаби бузурги тарбияи шахсияти ояндасоз ва номусу шарафи ватандорӣ аст. Ин шарафро сазовор гардидан як санҷиши ҷасорату матонат, ҷавонмардиву қавииродагӣ ва воситаи хуби ташаккули шахсияти комил дар ҷомеа мебошад.

  Раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи ноҳиявӣ Олимхон Исматӣ аз ашъори худ  порчаҳои шеърии ватандӯстона қироат намуда, табъи сарбозонро болида сохт.

  Баъдан кормандони кумиҷроияи ноьиявӣ аз шароити сарбозон дар қисми ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд.

Муллошукур ШОКИРЗОДА,

“Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *