11 августи соли ҷорӣ дар нуқтаи хизматрасонии ҶДММ “Ориё – тиҷорат”, ки дар ноҳияи Мастчоҳ фаъолият мекунад, ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис ёфт. Дар маҷлиси умумии ташкилоти мазкур раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб Муродулло Почозода иштирок намуда, ба роҳбарият ва кормандони ҶДММ “Ориё – тиҷорат” барои масъулиятшиносӣ ва тарғибу татбиқи Оинномаву Барномаи ҲХДТ, дастгирии амалии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози сипосу миннатдорӣ кард. Дар маҷлиси мазкур бо ҷонибдории якдилонаи аъзои ташкилот роҳбари ин нуқтаи хизматрасонӣ Саидҷаъфар Азизов раиси ТИ ҲХДТ “Ориё” интихоб шуд. Ба ташкилоти навтаъсис, ки ҳамаи кормандонаш аъзои ҲХДТ шудаанд, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва маводи ёрирасони тарғиботӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, ба якчанд нафаре, ки нав ба сафи ҳизб пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда шуд.
Рубрики