Рубрики
Асосӣ Мақола

МАСТЧОҲ: Дар партави Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат

ТОҶИКИСТОН ВА МАСЪАЛАҲОИ ҶАҲОНИИ ОБУ ИҚЛИМ 

Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамчун кишвари сулҳофарину ташаббускор мақоми хоси худро дорад. Ба таъкиди Президенти Федертсияи Россия В.В. Путин маҳз ҳамин омил сабаб гашта, ки Президенти маҳбуби мо “ба эҳтироми шоистаи ҳамватанон ва аҳли башари бурунмарзӣ ноил шаванд”.

Антониу Гутерриш,  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ дар як номаи худ ба унвони Пешвои миллат навишта буд, ки “ман ба фаъолияти муассири мамлакати Шумо дар таҳкими Созмони Милали Муттаҳид ва пешбурди талошҳои мо ба сӯи ояндаи беҳтар барои ҳама эътимод дорам.”

Чунин боварӣ ва эҳтироми шоиста ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, албатта, аз замири поку қалби бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Зеро Ҷаноби Олӣ дарди имрӯзаи башариятро хеле хуб дарк намудаву барои рафъи он чораҳои саривақтиро пешниҳод менамоянд. Яке аз мушкилоти асосии глобалӣ норасоии оби тоза мебошад. Тибқи хулосаи мутахассисон агар норасоии оби тоза то соли 2025 ҳалли худро наёбад,  қариб 3 млрд. аҳолии Замин ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда, қурбони фоҷиаи ташнагиву бемориҳои гуногун мешаванд.

Ин дарди башариятро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1999 дарк намудаву дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (МУ СММ) пешниҳод намуданд, ки соли 2003 Соли оби тоза эълон карда шавад. Бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми МУ СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд ва рӯзҳои  29 август – 1 сентябри соли 2003  дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

Бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон 23 декабри соли 2003 МУ СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард. Соли 2013  бошад, ҷомеаи байналмилалӣ, бино бар қатъномаи МУ СММ таҳти рақами  67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд.

Ҳамин тавр, 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ бо қабули  Қатъномаи  дигар солҳои 2018-2028 –ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд. Ин  ташаббус  аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ҳанӯз  12 апрели соли 2015 зимни Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея пешниҳод шуда буд.  Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор”  аз 22-юми марти соли 2018 оғоз ёфт ва 22 марти соли 2028 анҷом меёбад. Дар доираи даҳсолаи мазкур бисёр чорабиниҳои сатҳи баланд ва дигар тадбирҳои муҳим оид ба ҳалли мушкилоти мазкур амалӣ мешаванд, ки албатта дар саргаҳи ҳамаи онҳо донишу таҷриба ва муҳаббати бузурги Пешвои муаззами миллат нисбат ба аҳли башар меистад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, таъкид намуданд, ки “Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.

14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.”

Дар аосси қатъномаи мазкур, чуноне ки дар Паём ишора шуд, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Хушбахтона, ин  панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси Сайёра амалӣ хоҳад шуд, ки албатта боиси шодиву ифтихори бузург аст.

Бо назардошти вазъи ноустувори ҷаҳони муосир, аз ҷумла гармшавии иқлим, ки пайомадҳои гуногуни манфиро дорад, чунин ташаббус муҳиму саривақтӣ буда, амалӣ гардидани он барои ҳифзи Сайёра аз хатарҳои воқеӣ ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯи Тоҷикистон дар дунё нақши муассир мегузорад.

Бо зикри ин нуктаҳо ҳар фарди худшиносу ватандӯст ба чунин хулоса меояд, ки Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳадафҳои умумибашарӣ пешсаф ва Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои кулли мардуми хайрхоҳи ҷаҳон аст. Мо бо чунин Ватан ва бо чунин Пешвои ташаббускору башардӯст ифтихор мекунем.

Фахриддин ЗОКИРОВ,

узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *