Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: Ифтитоҳи курси захираи кадрҳо дар назди кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ

    Бо иштироки раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Дилшод Зокиров, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ Мирзоолим Мирзораҳимов ва дигар шахсони масъул курси захираи кадрҳо ифтитоҳ гардид.

Дар ин маросим раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров оид ба моҳият ва мақсаду вазифаҳои курси мазкур сухан гуфта, иттилоъ дод, ки дарсҳои омӯзишӣ аз ҷониби донишмандони шинохта, аз ҷумла олимону ҳуқуқшиносон ва собиқадорони хизмати давлатӣ гузаронида мешаванд.

Мирзоолим Мирзораҳимов, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ чунин тасмими кумиҷроияи ноҳиявии ҳизбро заруру саривақтӣ ва шоистаи дастгирӣ дониста, ибрози умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик хатмкунандагони он барои татбиқи амалии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоистаи мегузоранд.

Муродулло Почозода, муовини раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб доир ба рӯзҳои дарсӣ ва устодони курс маълумот дод ва ба шунавандагони он дар ҷодаи омӯзиши дарсҳои сиёсӣ муваффақият хост.

Курси мазкур 3 моҳ давом ёфта, ба хатмкунандагони он шаҳодатномаи махсус супорида мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *