Рубрики
Uncategorized

МАСТЧОҲ: ИШТИРОКИ РАИСИ КИВ ҲХДТ ДАР МАҶЛИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАҚОМОТ”

МАСТЧОҲ Дар давоми рӯзи 15 июни соли ҷорӣ бо иштироки Зуфар Исмоилзода – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Тоҳир Азиззода – раиси ноҳияи Мастчоҳ, Музаффар Азизов – роҳбари Дастгоҳи МИҲД-и ноҳия, Дилшод Зокиров – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ва дигар муовинону мудирони шуъбаву бахшҳои гуногуни МИҲД дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси ҳисобоӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии “Мақомот” баргузор шуд. Раиси ташкилоти ибтидоии “Мақомот” – Фарҳод Ҳасанзода маҷлисро ифтитоҳ, меҳмононро муаррифӣ, доир ба масъалаҳои ҷаласа равшанӣ ва рӯзномаи онро: ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Мақомот” дар давраи ҳисоботӣ ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Мақомот” ироа намуд. Тибқи рӯзномаи якуми ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии “Мақомот” – Фарҳод Ҳасанзода суханронии пурмуҳтаво намуд. Аз ҷумла, мавсуф қайд намуд, ки: – Чуноне ба ҳамагон равшан аст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи тафаккури хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми зиёда аз 26 соли фаъолият ба нерӯи муқтадиру пешбаранда ва маҳбубтарин ҳизби сиёсии кишвар табдил ёфта, пайравону ҷонибдорони он дар пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, маънавию фарҳангӣ, рушди соҳибкорӣ, саноат, татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва дар маҷмуъ гул-гулшукуфии Тоҷикистони азиз ва таъмини саодати мардум саҳми шоиста мегузорад.

Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат, сарвари хирадманду раҳнамои ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳизби мо бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ташкил шуд ва ҳамчун зодаи замони истиқлол рушд кард. Маҳз хизмати мардумсолорӣ, ғояҳои созандаву бунёдгарона, ва ватандӯстонаву ватанпарварона ҳизби моро дар миёни ҷомеа ба таври шоиста муаррифӣ карданд.Ин далел, агар аз як ҷониб, афзалияти ҳизби мо бошад, аз сӯи дигар, масъулияти чунин қувваи бузурги сиёсӣ дар эъмори давлати демократии Тоҷикистон, тақвият бахшидани робитаҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.”… Дар Ташкилоти ибтидоии “Мақомот” 38 нафар аъзои ҳизб қарор доранд, ки ҳамаи онҳо бо Оинномаи ҲХДТ ошно буда, дар таҳким ва мустаҳкамгардии пояҳои ҲХДТ саҳми арзанда гузошта омада истодаанд. Дар як радиф қайд кардан ба маврид аст, ки аз 38 нафар аъзои ташкилоти ибтидоӣ 5 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, 23 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот буда, аз ҳисоби ҲХДТ пешбарӣ гардидаанд, ки 73,6 фоизро дар бар мегирад…Новобаста аз ин, аъзои ташкилоти ибтидоии “Мақомот” дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша саъю талош намуда, пайравони воқеии Пешвои азизи худ ҳастанд, ва дар оянда низ мемонанд, – гуфт Ф. Ҳасанзода. Аврангзеб Назиров – сармутахассиси бахши дин ва танзими Мқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ баромади ҳисоботии раиси ташкилоти ибтидоии “Мақомот”-ро қаноатбахш хонд.

Пас аз он, Қарори маҷлиси мазкур, ки дар 3 банд иборат аст, фаъолияти то давраи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии мазкурро қаноатбахш ҳисобида, раиси ташкилоти ибтидоии “Мақомот”  вазифадор карда шуд, ки барои риояи дақиқи Оинномаи ҲХДТ, Одобномаи корманди ҳизбӣ, татбиқи амалии Барномаи ҳизб ва ҷалби аъзои арзанда ба сафи ҲХДТ чораҳои муассирро роҳандозӣ намояд ва инчунин, назорати иҷрои қарори мазкур ба зимаи раиси ташкилоти ибтидоии мавсуф гузошта шуд. Тибқи банди 4.4 Оинномаи ҲХДТ раиси ташкилоти ибтидоиро Маҷлиси умумӣ интихоб мекунад, гурӯҳи кории ташкилоти ҳизбии “Мақомот” дар мувофиқа бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии “Мақомот” номзадии роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия – Музаффар Азизовро пешниҳод намуда, дар қисмати таклифот Мирзоолим Мирзораҳимов – мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони Дастгоҳи раиси ноҳия  Музаффар Азизовро шахси арзанда ва дар ин кори пурмасъулият тавоно будани ин шахсро зикр кард.  Пас аз тасдиқи Қарори маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Мақомот” доир ба интихоби Музаффар Азизов ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоӣ, барои интихоб гардидан ба вазифаи мазкур ба аъзои ташкилот изҳори миннатдорӣ намуд. Шоистаи зикр аст, ки Музаффар Азизов – роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ хизмати шоён намуда, шахси кордону масъулиятшинос мебошад.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Зуфар Исмоилзода доир ба саҳми босазои кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар рушди бесобиқаи ноҳия суханронӣ намуда, собиқ раиси Ташкилоти ибтидоии “Мақомот” – Фарҳод Ҳасанзодаро барои фаъолияти пурсамар дар самти тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Оинномаву Барномаи ҳизб бо Сипосномаи раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд сарфароз гардонид.

Абдурозиқ РАҶАБЗОДА,

мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *