Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: ИҚДОМИ НЕКИ ҲИЗБИЁН

Дар партави ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб дар арафаи иди саиди Қурбон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ – 17, мудири шуъбаи таблиғоту иттилооти кумиҷроия Абдурозиқ Раҷабзода ва раиси ташкилоти ибтидоии “Фаровон”, раиси раёсати “Тоҷикматлубот” дар ноҳия Мистоналӣ Алиев ба табибону беморони шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳия дастархони идона оростанд.

Масъулини кумиҷроия зимни амалисозии иқдоми мазкур ва суҳбати самимӣ бо табибон нақшу заҳмати онҳоро дар пешгирии бемориҳо ва барқарор намудани саломатии мардум муҳиму муассир дониста, ба ҳамаи онҳо аз номи гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб ибрози сипосу миннатдорӣ карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *