Рубрики
Uncategorized

МАСТЧОҲ: КОНСТИТУТСИЯ –ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

  Дар МТМУ №18 ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ҷамоат, омӯзгорон ва фаъолона маҳалла вохурӣ баргузор гардид. Дар ин вохурӣ мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Хусрав Ашӯрзода иштирок дошт.

  Вохуриро котиби ҷамоат Элбек Шеранов ифтитоҳ намуда, мақсаду ҳадафи онро шарҳу тавзеҳ дод.

   Сипас мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Х. Ашӯрзода суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки 6-ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории миллӣ ҳамчун санаи муҳими таърихӣ бо ҳуруфоти заррин сабт гардидааст. Зеро дар ин рӯзи таърихӣ ва ҳассос, ки кишвари азизамон дар гирдоби шадиди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор буд, мардуми шарифи мамлакат бо раъйдиҳии озод Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Воқеан Конститутсия дар ҷомеа танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин сабаб ҷамъият ба он ҳамчун як санади муқаддас муносибат менамоянд; – таъкид дошт мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Хусрав Ашӯрзода.

   Баъдан котиби ҷамоати деҳоти Обшорон Элбек Шеранов доир ба арзиши муҳиму баланди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартарияти Конститутсияи ҷумҳурӣ аз Конститутсияҳои қаблӣ сухан гуфта,  иброз дошт, ки сокинони мамлакат бо қабули Конститутсия барои ташаккули давлати соҳибихтиёру мустақил, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи устувор гузоштанд.

    Дар охири вохурӣ аз ҷониби иштирокчиёни аҳли толор низ доир ба мавзӯи мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт.

М.НУЪМОНЗОДА,

“Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *