Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: КОНФЕРЕНСИЯИ XXV КУМИҶРОИЯИ НОҲИЯВИИ ҲИЗБ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ Конференсияи XXV кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Зуфар Исмоилзода, раиси ноҳияи Мастчоҳ – Аъзам Ализода ва вакилони дар маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоӣ интихошуда ширкат доштанд.

Бо садо додани Суруди миллӣ конференсияи мазкурро Дилшод Зокиров – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ифтитоҳ намуда, пас аз тасдиқи ҳайати раёсат, котибот ва комиссияҳои корӣ рӯзномаи ҷаласаро, ки аз 6 банд – ҳисоботи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи июни соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ҳисоботи комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, интихоби ҳайати нави КИ ҲХДТ дар ноҳия, интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳия, интихоби сармуҳаррири рӯзномаи “Нигоҳи халқ”, интихоби вакилон ба конференсияи XV КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва масъалаҳои ҷорӣ муаррифӣ кард.

Тибқи банди аввали рӯзномаи Конференсия доир ба ҳисоботи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи июни соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ – Дилшод Зокиров баромад намуда, доир ба натоиҷи назаррас дар фаъолияти кории кумиҷроия дар давоми 2,5 соли охир, оид ба афзудани сафи аъзо, баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи вилоятии “Рӯзҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Мастчоҳ”, “Ҷавонони Мастчоҳ – Пайравони Пешвои миллат”, “Ҷавонон – зидди таассуб ва ифротгароӣ”, “Кишвари мо – кишвари нур”, “Роғун – сарнавишти миллат”, “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Роғун” ва дар ноҳия баргузор намудани Рӯзҳои ҲХДТ дар нимсолаи аввали соли 2022 ва дигар самтҳои пешбарандаи кумиҷроия, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, маърӯза кард.

Дар қисмати музокираи Конференсия Зайнура Умарзода – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Олимхон Исматӣ – вакил аз ташкилоти ибтидоии “Адаб” ва Хусрав Ашурзода – роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони ватан” баромад намуда, фаъолияти 2,5-солаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳро қаноатбахш ҳисобиданд.

Тибқи банди 2-юми рӯзномаи Конференсия дар бораи ҳисоботи комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ раиси комиссия, Искандархоҷа Қобилов – директори ФҶСК Бонки Эсхата дар ноҳияи Мастчоҳ баромад намуд.

Аз рӯи масъалаи 3-юми Конференсия оид ба интихоби ҳайати нави КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ (иборат аз 41 нафар) ва интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳия (иборат аз 3 нафар) аз тарафи вакилони Конференсия тасдиқ гардид.

Тибқи банди 4-уми Конференсия дар муофиқа бо мақомоти болии ҳизб номзадии Муллошукур Шокирзода пешниҳод гардида, бо ҷонибдории вакилон мавсуф сардабири рӯзномаи “Нигоҳи халқ” интихоб шуд.

Оид ба масъалаи 5-уми Конференсия доир ба интихоби вакилон ба конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд иборат аз 19 нафар аз ҷониби вакилон тасдиқ карда шуд.

Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Зуфар Исмоилзода дар хусуси пешрафту фаъолияти назарраси кумиҷроияи ҳизбии ноҳия суханронӣ намуда, оиди баъзе камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дод.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ – Аъзам Ализода оиди саҳми назарраси ҳазбиён дар пешрафту ободонии ноҳияи Мастчоҳ ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ормонҳои миллӣ, ки роҳбарии онро Пешвои миллат ба уҳда доранд, суҳбат намуд.

Пас аз итмоми кори конференсия нахустин маҷлиси КИ ҲХДТ, ки аз нав интихоб шуд, баргузор гардид, ки дар он танҳо ду мастъала – интихоби ҳайати нави раёсат ва масъалаи ташкилӣ муҳокима гардид.

Бо розигии раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Почозода Муродулло Ҳиҷратулло интихоб карда шуд.

Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ иборат аз 9 нафар тасдиқ гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *