Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ БАРОИ ЗИЁД НАМУДАНИ САФИ ҲИЗБ ВА РИОЯИ ОИННОМАИ ҲХДТ

Роҳбари дастгоҳ  – мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Хусрав Ашӯрзода дар муассисаҳои таълимии деҳоти Мастчоҳи ноҳия бо масъулин оид ба рафти ҷалби аъзои нав ба сафи ҲХДТ аз ҳисоби шахсони арзанда ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ суҳбат кард.

Таъкид гардид, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан шараф ва ифтихори бузург буда, аз ҷониби ҳар як аъзои ҳизб риояи дақиқи Оиннома ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарт ва зарур аст.

М. АБДУҶАББОР,

“Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *