Рубрики
Асосӣ Мақола

МАСТЧОҲ: МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

  Тавре, ки ба ҳамаи мо аён аст, санаи 16-уми ноябри соли равон бо ҳузури мунаввари Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қасри таърихии Арбоб ҷашни фархундаи 30-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати беназир таҷлил гардид. Мову Шумо то ҳанӯз таҳти таъсири ин ҷашн ва сафари пурфайзу бобари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд қарор дорем.

    Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун воқеаи сарнавиштсоз сабт шудааст. Маҳз, дар ҳамин Иҷлосия Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлат ва наҷотбахши миллат зуҳур карданд. Дар ҳамин Иҷлосия Ҳукумати қонунӣ рӯйи кор омад ва сохтори конститутсионӣ барқарор, роҳи бунёди давлатдории миллӣ, яъне давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон муайян гардид.

    Барқарорсозии сохтори конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи шонздаҳум ба шумор меравад, ки дар натиҷаи фаъолияти он соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Дар партави Конститутсия барои фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ – ҳизбу созмонҳо шароиту имкониятҳо фароҳам гардид. Ҳоло дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ амал мекунад, ки дар миёни онҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дошта, ба ҳизби маҳбуби ҷомеа табдил ёфтааст.

    Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли 28 соли мавҷудияташ таҳти роҳбарию ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳбубтарин нерӯи сиёсӣ ва ҳизби пешбару раҳнамо табдил ёфта, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати демократию ҳуқуқбунёд ва пешрафту ободии Ватан ва саодати мардуми Тоҷикистон нақши барҷаста ва саҳми шоиста дорад. Аз ин рӯ, мо ифтихор менамоем, узви ин ҳизби мардумӣ, созанда ва мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат мебошем.

    Имрӯз, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сафҳои худ 517 ҳазору 388 нафарро дар 6577 ташкилотҳои ҳизбӣ муттаҳид намудааст. Рисолат ва мазмуну моҳияти фаъолияти  Ҳизбро рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ва таъмини саодати мардум  ташкил медиҳад. Нақши аъзо ва ҷонибдорони Ҳизб дар таъмини пешрафти тамоми соҳаҳои халқ, дар корзори бузургтарин иншоотҳои аср, дар таъмини татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии бузуръати мамлакат хеле калон аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии бунёди Нерӯгоҳи барқию обии “Роғун” аст. Имрӯз, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат пешоҳанги раванди созандагию бунёдкорӣ, рушду шукуфоӣ ва қувваи бузурги ҷомеаи муосири тоҷик ба шумор меравад.

    Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон моҳи июни соли 1998 таъсис ёфта, нахустин раиси Кумиҷроия собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ ва варзиши мамлакат, Мураббии шоистаи мамлакат шодравон Саидсуҳроб Ҳусейнов интихоб гардида буд. Дар солҳои баъди Кумиҷроияи ноҳиявиро собиқ раиси ноҳияҳои Мастчоҳ ва Куҳистони Мастчоҳ, ҳоло мушовири калони Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, номзади илмҳои педагогӣ Нурулло Оқилзода, собиқадорони соҳаи маориф ва хизмати давлатӣ Абдуфаттоҳ Қурбонов, Мирзошариф Шарифов, Тоҷиддин Ниёзов ва Дилшод Зокиров роҳбарӣ карда, барои тақвияти нуфузи ҳизб саҳми намоён гузоштаанд. Ҳоло дар ноҳияи Мастчоҳ зиёда аз  6530   нафар сокинон аъзои расмии ин Ҳизби мардумӣ буда, аксарияти аҳолии ноҳия ҷонибдори он ҳастанд. Аъзои ҳизб дар ноҳия дар 56 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид гардидаанд, ки аз ин миқдор панҷ адади он соли равон таъсис гардидааст. Дар партави ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб Кумиҷроияи ноҳиявӣ аз санаи 14 сентябри соли 2020 соҳиби бинои наву замонавии маъмурӣ гардид. Боиси ифтихор аст, ки бинои мазкур дар санаи зикршуда бо ҳузури мубораки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Кумиҷроияи ноҳиявӣ, инчунин аз моҳи июли соли 2016 инҷониб соҳиби нашрияи худ, минбари афкори созанда бо номи “Нигоҳи халқ” мебошад, ки аз муваффақтарин рӯзномаҳои маҳалли ҳизбӣ аст. Дар конфренсияи 25-уми ҳисоботию интихоботии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ, ки санаи 25-уми июли соли равон доир шуд, бо дастур ва ризоияти мақомоти марказии иҷроияи Ҳизб дар сатҳи роҳбарии Кумиҷроияи ноҳиявӣ тағйироти кадрӣ ба амал омад ва ба вазифаи раиси Кумиҷроия кадри муваффақу ҷавон, донишманду масъулиятшинос Муродулло Почозода интихоб гардид. Айни замон дар вазифаҳои раиси Кумиҷроия, мудирони шуъбаҳои кор бо занон, кор бо ҷавонон, сардабири нашрияи ҳизбии ноҳиявии “Нигоҳи халқ” ҷавонони то 35 сола пурмаҳсул фаъолият менамоянд. Талош ва саъю кӯшиши роҳбарияти ҷавони Кумиҷроияи ноҳиявӣ ва кормандони он баҳри татбиқи ҳадафҳои барномавию оинномавии Ҳизб, умуман амалӣ намудани сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавии давлату Ҳукумат шоистаи таҳсин аст. Ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо Кумиҷроияи ноҳиявӣ дар сатҳи баланд қарор дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша аз ташаббусҳои созандаи Кумиҷроияи ноҳиявии Ҳизб ҷонибдорӣ намуда, барои татбиқи онҳо чораҳои муассир меандешад.

    Боварии комил дорам, ки Кумиҷроияи ноҳиявӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ноҳия бо фаъолияти пурсамару таъсирбахши худ баҳри рушду ободии Ватани маҳбубамон ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоистаи худро мегузоранд. Ҷашни фархундаю таърихии  28 – солагии таъсисёбии ҲХДТ муборак, ҳамсафони азиз!

                                                                                       Аъзам АЛИЗОДА,                                                                      раиси ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *