Дирӯз дар шабакаҳои КАТС (Кӯмаки аввалияи тибии санитарӣ)-и ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб – Дилшод Зокиров маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти битидоии “Дармон” баргузор шуд.
Роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС -и ноҳияи Мастчоҳ – Сиёвуш Мирзоев ҷаласаро ифтитоҳ намуда, муҳтавои онро шарҳ дод.
Дар идомаи маҷлис рӯзномаи он, ки аз ду банд: ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Дармон” ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоии мазкур тасдиқ гардид.
Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Сиёвуш Мирзоев – роҳбари шабакаҳои КАТС-и ноҳия суханронӣ намуда, доир ба самтҳои афзалиятноки Ташкилоти ибтидоии “Дармон” дар давраи ҳисоботӣ суханронӣ кард.
Дар масъалаи рӯзномаи дуюми маҷлис, тибқи банди 4.4 Оинномаи ҲХДТ маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Дармон” номзадии Сиёвуш Мирзоевро пешбарӣ намуданд, ки ҳама узви маҷлис якдилона овоз доданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар КДФ Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Мастчоҳ низ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Манзил” баргузор гардид, ки дар он тибқи рӯзномаи тасдиқгардида, баррасии ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ ва интихоби раиси нави ташкилот баррасӣ гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлиси ташкилоти ибтидоии “Манзил” раиси он Аъзам Муҳадбеков интихоб гардид.
Дар ноҳияи Мастчоҳ маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ бомаром идома дошта, дар сатҳи баланд баргузор хоҳанд шуд.