Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ–ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ШИФО”

Дар идомаи сафари кории худ, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Зуфар Исмоилзода Муртазохон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Шифо” бо ҳамроҳии раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ – Дилшод Зокиров, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия – Музаффархон Баҳодуров ва мудирони шуъбаву духтурони собиқадори беморхонаи мазкур ширкат варзиданд.

Усмонбек Ҷумаев – раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” маҷлисро ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ ва мақсади маҷлисро шарҳ дод.

Дар ташкилоти ибтидоии “Шифо”, ки дар он ду масъала, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ буд, баррасӣ гардиданд.

Мувофиқи рӯзномаи якуми маҷлис, раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” – Усмонбек Ҷумаев ҳисобот дода, дар давраи ҳисоботӣ доир ба хусуси риояи гигиенӣ-санитарии аҳолӣ, саривақт расидагии духтурони соҳибтаҷриба ба беморон, дар сатҳи баланд хизматрасонӣ намудани табибон ба муроҷиаткунандагон ва саҳми кормандони БМН дар ободонии атрофи беморхона ва тарғибу ташвиқи кормандони соҳаи тиб дар якҷоягии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ суҳбати пурмуҳтаво намуд:

– Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ, ки бо шароитҳои замони муосир ва дастгоҳҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз аст, бо духтурону ҳамширагони соҳибтаҷриба таъмин буда, ҳамарӯза ба муроҷиаткунандагон дар сатҳи баланд хизматрасонӣ мекунанд. онҳо баҳри солимгардонии сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар сатҳи зарурӣ кору фаъолият намуда, дар якҷоягӣ бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун узви фаъоли ҳизб баҳри баланд бардоштани Одобномаи ҳизбӣ ва ҳамчунин тарғиб намудани ин ҳизби ҳомии халқ кӯшишу заҳматҳои худро дареғ намедоранд, – гуфт У. Ҷумаев.

Дар қисмати музокира, сардухтари Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ – Музаффархон Баҳодуров суҳбат карда. фаъолияти кории Усмонбек Ҷумаевро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобид.

Тибқи банди дуюми рӯзномаи маҷлис: интихоби раиси нави ташкилоти ибтидоии “Шифо” баргузор гардид, ки дар он гурӯҳи кории ташкилоти ҳизбии “Шифо” дар мувофиқа бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба ин вазифаи пурмаҳсул номзадии сартабиби БМН – Музаффархон Баҳодуровро пешниҳод намуданд. Дар миёни иштирокчиён Убайдулло Худойбердиев сардухтурро шахси арзанда хонд. Дар интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” аз ҷониби аъзои фаъоли ҳизб якдилона сардухтури БМН – Музаффархон Баҳодуровро интихоб намуданд.

Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Зуфар Исмоилзода доир ба солимгардонии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои асосии ҲХДТ, суҳбати пурмуҳтаво намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори ҳизб дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *