Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: МУЛОҚОТИ МУФИД

Дар МТМУ №17 ба номи О.Сафарови Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ, сокинон ва фаъолони маҳалла вохурӣ баргузор гардид.

  Дар ин вохурӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сангинмо Мирзобекова, муовини озоди раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Мавлудахон Баҳруддинзода, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Оббурдон Икром Аҳмедов, директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Мирзошариф Шарифов ва устоди Донишгоҳи давлатии  ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муҳаммадҷон Ҳусейнов иштирок доштанд.

  Вохуриро директори муассиса Бурҳон Сафаров ифтитоҳ намуда, ҳадафу мақсади онро шарҳ дод.

  Баъдан муовини озоди раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия М.Баҳриддинзода доир ба масъалаҳои доғи рӯз-нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи муғризонаи толефонҳои мобилӣ, роҳҳои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва бахусус, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба таври муфассал андешаронӣ кард.

   М.Шарифов зимни суханронӣ доир ба хушунату зӯровару дар оила изҳори андеша намуда, таъкид дошт, ки ҳар яки моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ ба зидди ин падидаи номатлуб мубориза барем, то дар бунёди оилаи солим-ҷомеаи солим саҳмгузор бошем.

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия С.Мирзобекова дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм-хатаре ба ҷомеаи ҷаҳонӣ” маърӯза намуда, таъкид дошт, ки  мақсади терроризм ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ ва бо роҳи зурӣ ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ  мебошад.

  Икром Аҳмедов, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Оббурдон зимни суханронӣ таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ дар баробари таҳлили ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, энергетика, илму маориф, доир ба тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуда, таъкид доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани онҳо вазифаи ҳар яки мо маҳсуб меёбад.

  М. Ҳусейнов, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба раванди имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ, интихоби дурусти ихтисос, интихоби ихтисос аз рӯи бартарият суханронӣ намуда, аз хатмкунандагони муассисаи таълимӣ даъват ба амал овард, ки дар интихоби ихтисос ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд.

   Дар интиҳои вохурӣ директори муассиса Бурҳон Сафаров барои ташкили чунин як вохурии муфиду саривақтӣ ба ҳамаи иштирочиён изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

                                                                       М. АБДУҶАББОР,

                                                                       “Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *