Бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба муносибатии рӯзи модар мусобиқаи волейбол байни дастаҳои духтарона коллеҷи омӯзгорӣ, коллеҷи кишоварзӣ ва ЛКСК мусобиқа баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур раиси КИ ҲХДТ дар н. Мастчоҳ Зокиров Д. М. иштирок ва суханронӣ намуда ҳозиринро ба муносибати Рӯзи модар табрик намуданд. Бозии волейбол аз руйи намуди олимпӣ гузаронида шуд. Ҷойи сеюм насиби коллеҷи кишоварзӣ, ҷойи дуюм насиби ЛКСК ноҳия,ҷойи якум насиби дастаи коллеҷи омӯзгорӣ гардид. Дар охир ғолибон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои раиси КИ ҲХДТ дар н. Мастчоҳ Зокиров Д.М. қадрдони карда шуданд.
Рубрики
Мастчоҳ: Мусобиқаи варзиши ба муносибати рӯзи модар
