Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии ТҶ “Мададгори мудофиа” бо ибтикори филиали ноҳиявии ташкилоти мазкур ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ мусобиқаи ноҳиявии тирпаронӣ аз силоҳи пневматикӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони омӯзгорони фанни варзиш, дифои ҳарбӣ ва дигар хоҳишмандон иштирок намуданд.Дар расми ифтитоҳи мусобиқа роҳбари филиали ТҶ “Мададгори мудофиа” дар ноҳияи Мастчоҳ Икром Ҳомидов оид ба ҳадаф ва вазифаҳои мусобиқа маълумот дод.Дилшод Зокиров, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба моҳияти таърихии Рӯзи Президент сухан гуфта, ҳамасола дар сатҳи шоиста таҷлил намудани онро нишонаи муҳаббат ва арҷгузории халқи Тоҷикистон ба шахсият ва корномаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донист.Сипас тибқи низомнома мусобиқа оғоз гардид. Дар натиҷа, Аббос Солеҳов аз МТМУ рақами 31 бо гирифтани 47 хол соҳиби ҷои аввал, Усмонбой Боқиев, МТМУ рақами 4 (45 хол) сазовори ҷои дуюм ва Муҳаммадҷон Боқиев аз МТМУ рақами 17 (44 хол) соҳиби ҷои сеюм гардиданд. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Сафармаҳмад ИНОЯТОВ
сардовари мусобиқа