Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: Набинад муддаи ҷуз хештанро…   

   Боиси хушнудист, ки  дар чунин кишвари ободу  биҳиштосо зиндагӣ менамоем. Пас моро зарур аст, ки ба қадри ин сулҳу ваҳдат ва осоиштагӣ бирасем. То тавону имком дорем баҳри рушду тараққиёт ва фазои сулҳу суботи ватани маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосо талош варзем. Нагузорем, ки афроди гумроҳу ифротӣ ба номи ин миллату кишвар доғ оваранд. Зеро бо итминони комил гуфта метавонем, ки монанди Тоҷикистони соҳибистиқлол – кишвари биҳиштосову осуда дар ягон гӯшаи олам нест. Дур намеравем, кишвари Афғонистонро мисол меорем, ки даҳсолаҳо дар ин сарзамин муборизаи гуруҳҳои террористию эктремистӣ давом дорад. Мутаассифона, ҳамарӯза садҳо нафар қурбони ин задухурдҳо мегарданд.

    Воқеан исбот шудааст, ки аъзоёни собиқи ҲНИТ имрӯз давомдиҳандаи амалҳои нопоки хеш  бо дастгирии хоҷагони бегона дар хориҷи кишвар мебошанд. Ин гуруҳи ифротӣ аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти кишвар ба хиёнату мансабталошӣ даст зада, кишвари навҷавону тозаистиқлолро ба  ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашонда буданд.  Ин ҷанги хонумонсӯз ба сари мардуми бечораи кишвар бадбахтиҳои зиёдеро овард. Хуни садҳо ҳазор нафар рехта шуд. Ҳазорҳо нафар тарки ватан намуда, мурдағариб гардиданд.

 Хушбахтона, баъди ба арсаи сиёсат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз вартаи ҳалокат раҳо ёфт. Ҳамчунин бо кӯшишу талошҳои шабонарӯзии ин шахсияти бузургу фарзонаи миллат   Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи устувори  худро соҳиб гардад.

    Дар баробари  пешравиҳое, ки дар саросари кишвар бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта истодааст, мутаассифона баъзе ашхоси ноогоҳу гумроҳ ҳамаи ин ободиву созандагӣ ва рушду нумӯи кишварро нодида мегиранд. Онҳо аъзоёни ҲНИТ буда, бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки обрӯ ва эътибори кишвари моро дар байни хоҷагони хориҷии худ паст зананд. Ин ашхоси ноогоҳу ифротӣ, ки на дониши сиёсӣ доранду на мавқеи устуворро дар ҷомеаи демократӣ сазовор гашта тавонистанд,  маҷбур шуданд  аз Ватан роҳи гурезро пеш гирифта, имрӯз дар кишварҳои хориҷӣ ба боварии кадом хоҷагони бегона даромада, мехоҳанд, чунин оромиву осудагии кишварро доғдор кунанд. Вале бо итминони комил гуфта метавонем, ки онҳо ба мақсадҳои  худ намерасанд. Зеро мақсаду нияти ин фардони фирефта нопок буда, онҳо ба пулу сарвати хоҷагони хориҷӣ дода шудаанд.  Аз ин рӯ ин шахсони гумроҳу ифротӣ ба хотири хоҷагони худ ба ҳама кор даст мезананд. Ҳамин аст, ки онҳо дар хориҷи кишвар истода, ба номи миллат ва давлати азизи хеш ҳар гуна фикрҳои нодурустро паҳн менамоянд. Вале онҳо ба ҷуз худро беобрӯ намудан кори дигаре карда наметавонанд. Зеро ин ашхос ба ҷуз худу ҳоҷагони зархариди хеш дигареро намебинанд. Чуноне, ки Шайх Саъдии Шерозӣ гуфтааст:

Набинад муддаи ҷуз хештанро,

Ки дорад пардаи пиндор дар пеш.

Гарат чашми худобине бубахшанд,

Набинӣ ҳеҷ кас оҷизтар аз хеш.

М. АБДУҶАББОР,

«Нигоҳи халқ»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *