Рубрики
Uncategorized

Мастчоҳ: Оилаҳои ниёзманд аёдат карда шуданд

Дар ноҳияи Мастчоҳ бо ташаббуси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва сарпарастии аъзои фаъоли ҳизб – Фахриддин Зокиров, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Наимхон Баҳодуров, директори ҶДММ “Бозори марказӣ” ва Нозимбек Давлатов, молики маркази савдои “Панҷшер” як гуруҳ оилаҳои ниёзманд аёдат карда шуданд. Ҳамчунин, ба хонандагони филиали МТМУ рақами 40 дар маҳаллаи “40-солагии Дилварзин” туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ зимни амалисозии ин иқдоми хайру савоб аз ҳадафҳои барномавии ҳизб ёдоварӣ карда, гуфт, ки кумиҷроияи ноҳиявӣ барои татбиқи амалии онҳо аз ҳамаи имконот истифода мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *