Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Имрӯз, 1 сентябри соли ҷорӣ дар МТМУ №17 ба номи О.Сафарови ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба Рӯзи дониш чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ин чорабинӣ мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Назирҷон Мирмуллоев, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Хусрав Ашӯрзода, намояндаи шуъбаи маориф Маърупов Ботурхоҷа ва намояндаи ҷамоати деҳоти Оббурдон Абдухалил Раҳмонов иштирок доштанд.

Чорабиниро директори муассиса Сафаров Бурҳон ифтитоҳ бахшида меҳмонро муаррифӣ намуд. Баъдан ба таври мухтасар доир ба дастовардҳои шогирдон дар давоми соли хониши 2021-2022 ба таври мухтасар маълумот дод. Қайд гардид, ки дар соли таҳсили гузашта дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ шогирдони муассиса 16 ҷои ифтихориро соҳиб гаштанд. Ҳамчунин дар соли равон дар озмуни Спитендияи Президентӣ шогирдони мо 8 ҷои ифтихориро соҳиб гардиданд, ки ин натиҷаи аз ҳама баланд дар миқёси ноҳияро ташкил медиҳад, – таъкид дошт директори МТМУ №17 Сафаров Бурҳон

Назирҷон Мирмуллоев Паёми табрикотии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохонро қироат намуда, таъкид дошт, ки «соҳаи маориф чун соҳаи калидӣ пайваста дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳамоварии шароити зарурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар саросари кишвар тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд.

Хусрав Ашӯрзода –мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Паёми табрикотии раиси ноҳия Аъзам Ализодаро қироат намуда, таъкид намуд, ки«Баҳри баланд бардоштани худшиносии миллӣ, тақвияти ҳисси худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих ба ҳар як хонадони миллати тоҷик ройгон тақсим намудани ганҷинаи миллати тоҷик, китоби “Тоҷикон” ва таъсис додани озмуни нави ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” аз ҷониби Пешвои миллат ҳамаи мо –тоҷиконро, аз ҷумла сокинони ноҳияи Мастчоҳро водор месозад, ки ҳарчи бештару хубтар таъриху тамаддуни ҳазорсолаи ниёгон, корномаҳои бузургони таърихамонро, ки баҳри якпорчагии ватан ҷангидаанду ҷоннисориҳо кардаанд, шиносему ба ояндагон омӯзонему мерос гузорем».

Паёми табрикотии мудири шуъбаи маориф ва раиси ҷамоати деҳоти Оббурдон аз ҷониби шахсони масъул қироат гардид. Баъдан дар толори муассиса хонандагону омӯзгорон Дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастаҷамъона ба муносибати Рӯзи дониш тамошо намуданд.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *