Рубрики
Uncategorized

МАСТЧОҲ: ТИ ҲХДТ “МАНЗИЛ” БА АЁДАТИ САРБОЗОН РАФТ

Роҳбарият ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Манзил”, ки дар назди КДФ бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Мастчоҳ амал мекунад, дар арафаи соли нави милодии 2023 ба аёдати марзбонони яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии ҳудуди ноҳия рафта, онҳоро ба ин муносибат табрик гуфтанд.

Аъзам Муҳадбеков – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, директори КДФ бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Мастчоҳ зимни ироаи табрикот гуфт, ки марзбонҳо посбони пурифтихори амнияту суботи кишвар ва оромиву осудагии ҳар як шаҳрванд ҳастанд.

– Бедории шумо дар хати сарҳад кафили хоби осудаи модарону фарзандони халқ ва амонии мамлакат аст. Аз ин ҷост, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои боз ҳам беҳтар намудани шароити хизмати шумо ва дастгирии ҳар як хизматчии ҳарбӣ талош меварзанд. Маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи абармарди таърихсоз, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали Истиқлол аз сифр таъсис ёфт ва ба яке аз нерӯҳои тавонои минтақа мубаддал шуд, – таъкид кард Аъзам Муҳадбеков.

Бояд гуфт, ки дар арафаи ҳамаи ҷашнҳои милливу давлатӣ ташкилотҳои ҳизбии ноҳияи Мастчоҳ корҳои хайру савобро бештар менамоянд, ки албатта аз ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Маҳмадтоҳир ОХУНЗОДА,

“Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *