Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: ФИДОИЁНИ ҲХДТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД

27 июли соли ҷорӣ раиси навинтихобшудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода ва раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби кумиҷроияи ноҳиявӣ Олимхон Исматӣ ба хонаи нахустин раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб шодравон Саидсуҳроб Ҳусейнов ва собиқ раиси кумиҷроия шодравон Тоҷиддин Ниёзов рафта, ҳамсару фарзандони ин ду фидоии ҳизбро аёдат карданд.

Зимни суҳбати самимӣ бо хонаводаи эшон Муродулло Почозода аз хизматҳои шодравонҳо Саидсуҳроб Ҳусейнов ва Тоҷиддин Ниёзов дар густариши нуфузи ҲХДТ ва баланд бардоштани мавқеи он дар ҷомеа ёдоварӣ намуда, таъкид кард, ки ному корномаи онҳо дар дилу пиру барнои ноҳия, махсусан аъзои ҳизб мақоми ҳамешагӣ дорад.

Собиқ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Абдуфаттоҳ Қурбонов низ аз ҷумлаи фидоиёни ҳизб буда, дар душвортарин солҳои баъдиҷангӣ барои бештар намудани сафи аъзои ҳизб хизмат кардааст. Раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб зимни суҳбати самимӣ бо Абдуфаттоҳ Қурбонов иброз дошт, ки худро идомадиҳандаи кори пурифтихори машъалони ҲХДТ медонад ва истифода аз донишу таҷрибаи онҳоро дар пешрафти корҳои тарғиботӣ бисёр муҳиму муфид мешуморад.

Муллошукур ШОКИРЗОДА,

сардабири “Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *