Рубрики
Асосӣ Мақола

МАСТЧОҲ: ХИРС МУЛЛО МЕШАВАД…

АНДЕША:  Муддати зиёдест, ки дар сомонаҳои интернетӣ наворҳои ошӯбгарони гурӯҳи 24 чарх мезананду, ҷавонони гумроҳу нодон ва аз шарру шӯри дунё бехабар худро ровии барномаҳои зиддиҳукуматӣ муаррифӣ ва пуштибони халқ меҳисобанд, ки агар як шаҳрванди одии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад, ки бо онҳо ба баҳсу муҳокимаи амалҳои нопокашон шуруъ кунад, аз чанд тараф ба ӯ ҳамла намуда, дар охир агар ӯро ба қавли маъруф “мот” накунанд, телефонашро қатъ мекунанд.

Гуруҳи 24, ки аз соли 2012 инҷониб яке созмонҳои террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, дар давлатҳои Аврупо бо теъдоди хеле кам, он ҳам дар доираи 5 ва ё 6 нафар ба тарзу усули давлату давлатдории мо – тоҷикон санги маломат мезанад. Ҳол он ки ин нафарон худ ё намедонанд ё шояд бесаводанд ва ё донистан ҳам намехоҳанд, ки тайи 30 сол пешравиҳои бузург дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама самтҳои гуногуни давлатдорӣ ба мамлакати мо даст дод, ки ин ҳама бо сиёсати сулҳдӯстонаву сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик аз хурд то бузург ҳамеша аз Пешвои миллат миннатдору сипосгузор буданду ҳастанд ва мемонанд. Бармегардем ба асли матлаб.

Ҳоло дар шабакаҳои интернетии гурӯҳи 24 Беҳрӯз Тағойзода (ё Салмон Холиқов) барномаҳои муғризонаи худро қариб ҳаррӯз пеш мебарад. Падари ин шахс – Тағоймурод Холиқов аз писари худ чи умеду орзуҳое, ки надошту баҳри сарбаландии оила бо кадом азобу машаққат калонаш карданд, вале ба доми гурӯҳи террористию экстремистӣ афтода имрӯз барои хоҷагони хориҷии худ хидмат мекунад. Ҳатто падараш барои ӯ насиҳат карда, ки ба ватан баргардаду пушаймон шавад, то ҳукумат аз гуноҳи ӯ бигзарад. Аммо то имрӯз аз насиҳату ғамхориҳои оила, меҳан ва атрофиён сар печида, то ҳол хидмати хоҷагонро авло медонаду халос. Ин беадабии ӯ то ҳадде расида, ки ҳатто аз ҳайвонигарӣ ҳам гузаштааст. Лекин фарқи Беҳрӯз ва ҳайвон дар он аст, ки ҳайвон бо насиҳат ва гоҳ-гоҳ бо зарби чӯб ром мешаваду ба инсон фармонбардор:

Хирс мулло мешавад бо зарби чӯб,

Беадабро ҳар куҷо дидӣ бикӯб.

Бале, ин беадабро бояд бикӯфт, то намунаи ибрати дигарон гардад. Чунки ӯ худ кӯдаки дирӯза буда, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ чочакеро дар даҳон гирифта, бо эзори тар, рӯи лой, ва бо ифлосиҳои анаҳамин Тоҷикистони танқидмекардааш омехта шуда мегашт. Акнун ӯ калон шуда бо ҳампаймонҳои дурӯғинаш санги маломат ба сари тоҷику тоҷикистониён мепартояд. Вай таҷрибаи бузург, ки надорад ва бо каллаи бемағзаш ба ҳар тараф бинӣ мехалонад, ва худро мусалмон мегирад на саводи динӣ ва на саводи дунявии кофӣ дорад, то вориди баҳс гардад.

Дар наворе аз барномаҳояш дидам, ки Беҳрӯз Холиқов бо яке аз омӯзгори одии ноҳияи Ёвон – Зулфия Муродова вориди баҳс гаштанд. Дар аввали суханҳояшон муаллими ҷасур бо борони суханҳои обдору коғазпечаш ончунон ба рӯяш мерехт, ки дар ҷавоб Беҳрӯзи худро ба якборагӣ гумкарда танҳо бо дасти чапаш ришашро мемолиду халос.

Зулфия Муродова дар ҳақиқат саволҳое ба Беҳрӯз Холиқов доду суханҳое гуфт, ки вай ҳеҷ ҷавоб дода натавонист ва бесаводиву ягон хидмат накарданашро ба мардуми тоҷик бори дигар ба таври равшану возеҳ ифшо намуд.

Дар асл, ӯ чикор ҳам карда метавонад? Ҳеҷ кор карда наметавонад, ягон манфиат ба миллати тоҷик оварда наметавонад. Чунки хоҷагони хориҷиаш намегузоранд, то барои мардум кӯмаке кунад. Ӯ ва дигар афроди монандаш танҳо фиребу найранг ва бадбинӣ нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешравиҳои мамлакати азизамон мебошанд.

Зарифа ИМОННАЗАРОВА,

узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *