Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «РОҲ»

    Имрӯз, санаи 23.01.2023 дар Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия – ташкилоти ибтидоии «Роҳ» бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохурӣ баргузор гардид.

     Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии «Роҳ» Давронбек Миров мақсаду ҳадафи вохуриро мухтасар шарҳ дод.

     Баъдан роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳия  Хусрав Ашӯрзода доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 23 декабри соли 2022 ироа гардида буд, суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар Паёми навбатӣ Президети мамлакат дар баробари таҳлили соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ҷиҳати корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳои мамлакат низ дастуру супоришҳо дода, таъкид намуданд, ки бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд корҳоро дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои маҳаллаҳои аҳолинишин амалӣ намуда, хосатан роҳҳои шаҳру навоҳиро таъмиру азнавсозӣ намоянд.  

     Дар фарҷоми суханронӣ роҳбари Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, раиси ташкилоти ибтидоии «Роҳ» Давронбек Миров таъкид дошт, ки кормандони мо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардид, сармашқи кори худ қарор дода, бо дасту дили гарм  дар таъмиру азнавсозии роҳҳои ноҳия тамоми кӯшишу ғайрати худро равона месозанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *