Чунин унвон дошт аксияи идонае, ки 18 марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар доираи аксияи мазкур ба 24 нафар ятими кулл дастархони наврӯзӣ ороста шуда, ба ҳамаи онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Масчтоҳ Аъзам Ализода иштирок ва суханронӣ кард. Мавсуф бо ёдоварӣ аз суннатҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дӯстрӯяконро ба ин муносибат табкрик гуфта, таъкид кард, ки Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падари маънавии кулли ятимон ва ғамхору ғамгусори онҳо мебошанд.
– Гувоҳи ин гуфтаҳо дастгирии ҳамешагии Пешвои муаззами миллат ва муҳаббати бузурги Шумо ба Роҳбари оқилу фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, – таъкид кард Аъзам Ализода.
Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ бо ёдоварӣ аз самтҳои иҷтимоии Барномаи ҳизб иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Наврӯз табрик гуфт.
Барномаи рангини фарҳангӣ ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.