Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: “ҲИФЗИ ВАТАН-ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ”

Санаи 16.02.2023 дар дидбонгоҳи сарҳадии шаҳраки Обшорон  бо иштироки афсарону сарбозон ва хонандагони муассисаҳои ҷамоати мазкур Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор гардид. Дар ин вохурӣ раиси ҷамоати шаҳраки Обшорон Мавҷуда Ҳакимова ва роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳия Хусрав Ашӯрзода иштирок дошт.

  Вохуриро Раиси ҷамоати шаҳраки Обшорон М. Ҳакимова оғоз намуда, мақсади онро шарҳ дода,  таъкид дошт, ки санаи 23 феврали соли 1993 дар саҳифаҳои таърихи кишвари азизамон ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда сабт шудааст. Зеро дар ҳамин рузи таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин амал бо ташаббуси Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва минбаъд ҳамчун омили сулҳу суботи кишвар, ҳифзи марзу бум ва таъмини амнияти мардум саҳми арзанда гузошт.

  Х.Ашӯрзода,  роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳия аз саҳми бузургу беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Артиши миллӣ ва таъмини амнияту осудагии кишвар ҳарф зада, иброз дошт, ки ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон  «Артиши ҷавони мо, хусусан дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.

 Саидҳошими Абдуҳалим, сардори дидбонгоҳи мазкур суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллиамон ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, барои адои хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, болоравии салоҳияти маданиву маърифатӣ, обутоби ҷисмонӣ ва донишу малакаи мафкуравии аскарон ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Хонаҳои таълимӣ, майдончаву толорҳои тармиму варзишӣ, китобхонаву синфхонаҳои компютерӣ, ошхонаву ҷои хоби аскарон ба дараҷаи олӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, таъкид дошт;- сардори дидбонгоҳи сарҳадии ҷамоати деҳоти шаҳраки Обшорон Саидҳошими Абдуалим.

  Баъдан хонандагон аз шароити сарбозон дар дидбонгоҳи мазкур аз наздик шинос шуданд.

                                                 Муллошукур ШОКИРЗОДА,

«Нигоҳи халқ»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *