Рубрики
Асосӣ

МАСТҶОҲ: “Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем !”

Чунин унвон дошт аксияе, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар яке аз қисмҳои ҳарбии ҳудуди Мастчоҳ баргузор гардид.

Дар доираи аксияи мазкур ва Рӯзи дарҳои кушод як гуруҳ муҳассилони муассисаҳои таълимии ноҳия бо роҳбарии раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб Дилшод Зокиров бо афсарону сарбозон сӯҳбат ороста, бо шароити зисту фаъолияти якрӯзаи онҳо шинос шуданд. Боздид аз хобгоҳи аскарон, китобхонаву варзишгоҳ, ошхонаву утоқҳои маишии қисми ҳарбӣ ва шиносоӣ бо яроқу техникаҳои ҷангӣ ба ҷавонон хеле шавқовару хотирмон буд. Ҷавонон пас аз боздид аз қисми ҳарбӣ ваъда доданд, ки ҳатман баъд аз адои таҳсил ба сафи Артиши миллӣ дохил гардида, ба мисли ин афсарону аскарони ватан қарзи шаҳрвандии худро содиқона иҷро менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *