Рубрики
Асосӣ

МАСЪУЛИЯТ ЗИЁД МЕШАВАД

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо иштироки кормандони масъули дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ, раисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят ҷаласаи кумиҷроия баргузор гардид.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар оғози ҷаласа вобаста ба омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, таъкид дошт, ки ҷиҳати истиқболи ин санаи мубораки таърихӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ҳизбӣ силсилаи мулоқотҳо бо иштирокчиёни Иҷлосия, баргузории чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ вусъат бояд гирад.

Мавсуф дар идомаи ҷаласа аз рафти қабули обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, пардохти ҳаққи узвият,  зиёд намудани таъдоди аъзо аз ҳисоби фаъолони ҷомеа ва дар ин замина таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ, падохти саривақтии ҳаққи узвият, таъсиси хоҷагиҳои ёрирасон дар назди кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Истиқлол ва Кӯҳистони Масчоҳ, вусъати корҳои оғози сохтмони бинои маъмурӣ дар кумиҷроияҳои ноҳияҳои Шаҳристон ва Деваштич, ҷоннок намудани фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва қабули наврасону ҷавонон ба сафи он, тақвияти фаъолияти кори Шӯрои собиқадорони ҳизб дар шаҳру навоҳии вилоят ва ҷалби онҳо ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ,  вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ватандории ҷавонон  ҷиҳати ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси саривақтии хабару гузороишҳо, навиштани мақолаҳои баландмазмун оид ба нақш ва мақоми Иҷлосия дар рушди давлатдории навини кишвар, фаъол будан дар шабакаи иҷтимоӣ, вокуниш нишон додан ба мақолаҳои бӯҳтоангез, тақвияти кори кибердружинаҳо,  омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, низоми ҳуҷҷатгузорӣ ва интизоми ҳизбӣ сухан ронда, барои ислоҳи камбудиҳо ба раисони кумиҷроияҳо ва масъулони дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ супоришҳо дод.

Таъкид гардид, ки табодули таҷрибаи кори кумиҷроияҳо барои боз ҳам хубтар ҷараён гирифтани фаъолияти ҳизбӣ таккони ҷиддие хоҳад бахшид. Мавсуф дар ин ҷода баргузории Рӯзҳои ҳизбро махсус қайд намуда, аз раисони ба тозагӣ таъингардидаи кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии Исфара, Спитемен, Ҷаббор Расулов, Масчоҳ даъват ба амал овард, ки аз рафти ҳуҷҷатгузорӣ, кор бо аъзо, ҳолати ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бӯстон, Зафаробод ва Ашт дидан намоянд.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар идомаи кори ҷаласа аз иқдоми Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир ба баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявии “Албом – эстафета”-ро таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ёдовар шуда,  қайд намуд, ки дар сатҳи баланд бо иштироки раисони шаҳру навоҳии вилоят,  иштирокчиёни Иҷлосияи таърихӣ, аъзои фаъол, ҷавонон баргузор гардидани чорабинӣ барои баланд бардоштани нақш ва мақоми ҳизб дар ҷомеа таккони бузург хоҳад бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *