вилояти Суғд
Имрӯз дар толори ҲХДТ дар вилояти Суғд машварати кории Раиси Кумитаи иҷроия Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо кормандон баргузор гардид. Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баён намуд, ки КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва аъзои он фаъолияти худро мутобиқи дастуру раҳнамоиҳои – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муҳтарами ҳизбамон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, барои расидан ба ҳадафҳои хеш талошу кўшиш ба харҷ дода истодаанд. Мавсуф кормандони ҳамаи шуъбаҳоро вазифадор намуда иброз дошт, ки барои иҷроиши нақшаи “Обуна-2023” ба рӯзномаҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”, барномаҳои ҲХДТ масъулияти баланд ҳис намуда, барои таҷлил намудани ҷашнӣ 35-солагии Иҷлосияи 16-Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ бинанд. Дар анҷоми машварат Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба кормандон барору комёбиҳо орзу намуд.