Рубрики
Асосӣ

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.

Субҳи имрӯз дар бинои маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки раисон ва муҳосибони кумиҷроияи шаҳру ноҳияҳо маҷлиси машваратии назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки мо дар остонаи таҷлили бисёр ҳам ҷашни муҳиму муқаддас -30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни муқаддас ҳамаи моро зарур аст, ки масъулиятро аз ҳарвақта бештар дар самти дастуру супоришҳои ҳам Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва ҳам Кумиҷроияи вилоятӣ эҳсос намоем. Сипас, аҳли нишастро бо масъалаҳои рузномаи маҷлиси машваратӣ шинос намуд. Аз руи масъалаҳои пешниҳодгардида Муовини раиси КИҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс, мушовири КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Маликисломӣ Н, сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Қодирова Мунира ва мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Фаррух баромад намуда, аз пешравӣ ва камбудиҳои ҷойдоштаи фаъолияти кумиҷроияи шаҳру ноҳияҳо сухан ронданд. Бояд тазаккур дод, ки маҷлиси машваратии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо супоридани “Номаи миннатдорӣ” барои сарбаландона ҷамъбаст намудани маъракаи Обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “ Сухани халқ” ҳусни анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *