Рубрики
Last News

Машғулияти навбатии курси захираи кадрҳо

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом машғулияти навбатии курси захираи кадрҳои назди кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо иштироки мушовири Раёсати маорифи шаҳр Бобошукуров Ҳасан баргузор гардид. Дар машғулият намояндаи Раёсати маориф дар мавзуи “Нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум” лексияронӣ намуда, доир ба моҳият ва ҳадафи қабули қонуни мазкур маълумот дод. Зимни машғулият вазъи некӯаҳволии мардуми кишвар то қабули қонун ва имрӯз муқоиса карда шуд.

Ҳамчунин, доир ба натиҷаҳои амалӣ шудани қонуни мазкур ибрози афкор сурат гирифта, нақши қонуни номбурдаро бобати ба 26,6 фоиз коҳиш дода шудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар назаррас арзёбӣ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *