Рубрики
Last News

МАШҒУЛИЯТИ НАВБАТИИ КУРСИ ЗАХИРАИ КАДРҲО

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом машғулияти навбатии курси захираи кадрҳои назди кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимзода Мадина баргузор гардид. Дар машғулият намояндаи кумияроияии вилоятии ҳизб доир ба мавзӯъи “Муайян намудани аломатҳои стресс ва бартараф намудани роҳҳои он” суханронӣ намуда, бо мақсади муайян намудани ҳолати равонии аъзоёни курси мазкур тести санҷишӣ гузаронид. Зимни машғулият, иштирокдорон доир ба мавзӯъ ибрози ақида намуда, дар ин самт ба саволҳои худ посухҳои зарурӣ гирифтанд.

Дар фарҷом, ҳамчунин аз ҷониби иштирокчиён доир ба дар соли 2021 эълон гардидани пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил – шаҳри Душанбе ибрози афкор сурат гирифт.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *