Рубрики
Uncategorized

Маърӯзаи Хайринисо Юсуфӣ вобаста ба тадбирҳои Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа

Дар идомаи курси бозомӯзии ҳизбиён имрӯз муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ бо маърӯза ва сӯҳбат дар мавзӯи «Тадбирҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа» баромади пурмуҳтаво намуд.Тайи солҳои Истиқлол таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳбудии вазъи занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҷиҳати баланд бардоштани нақши онҳо дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ, бунёди давлатдории навини тоҷикон ва таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ як қатор тадбирҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва ташкилӣ, илмиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодиро татбиқ намуданд.Ёдоварӣ гардид, ки Сарвари давлат ҳанӯз оғоз аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра барои занону духтарон муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи онҳо чораҳои муассирро мавриди амал қарор доданд. Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат мардуми шарифи Тоҷикистон дар санади сарнавишти таърихии худ – шиносномаи миллат, мусаввараи сиёсиву ҳуқуқии кишвар, яъне Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ, инчунин дахлнопазирии ҳаёт, қадру номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро эътироф ва эълон кард.Бо такя ба ин муқаррарот, Конститутсия асоси сиёсати давлатии гендерӣ – баробарҳуқуқи мардон ва занон, аз ҷумла дар оиладорӣ, таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доштани модару кӯдак, бахусус кӯдакони ятиму маъюбро муқаррар ва истифодаи меҳнати занону ноболиғонро дар корҳои вазнину зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок манъ кард.- Имрӯз занону духтарони тоҷик дар ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона иштирок намуда, сарварии зиёда аз 100 адад ташкилотҳои ҷамъиятиро ба уҳда доранд. Теъдоди ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар сафҳои худ даҳҳо занони дигарро муттаҳид намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд, инчунин дар байни занон барномаҳои маърифатиро амалӣ менамоянд, рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаанд, ки нишона аз сохти воқеан демокративу дунявӣ ва волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, – гуфт Х.Юсуфӣ.Зикр гардид, ки ҷумҳурии мо дар байни кишварҳои пасошӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ – Конвенсия «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак», Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он, инчунин Қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ оид ба ҳуқукҳои занон ва ғайраҳоро ба тавсиб расонда, меъёрҳои зидди табъизиро дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пешбинӣ намуд. Саъю талошҳои Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви Комиссияи СММ оид ба мақоми занон пазируфта шуд. Ин эътирофи сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, боз як қадами ҷиддӣ ва устувор дар самти татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ мебошад.Шунавандагон бо мароқи хос маърӯзаро шунида, ба саволҳои худ посухи муносиб гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *