Мо ҷавонон қалби бедори Ватан,
Саф ба саф, ҳаррӯз дар кори Ватан.
Мо иваз кардан намехоҳем ҳеҷ
Бо гули мулки дигар хори Ватан!
Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи асосӣ ва неруи бузурги бунёдгару созандаи давлату мамлакат маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, ҳануз чанд ҳазор сол муқаддам философи машҳур Арасту навишта буд, ки «Ҳама касоне, ки тахассуси санъати идоракунии тафаккур намудаанд, бояд фаромӯш накунанд, ки тақдири империяҳо ба тарбияи ҷавонон вобастагӣ дорад».
Пешвои миллат, ҳануз ба масъалаи ҷавонон дар суханронии худ ба ифтихори 20-солагии баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати «Рӯ овардан ба ҷавонон»-ро ба миён гузошта, таъкид намуда буд, ки воқеан ҳам таваҷҷуҳ ба ҷавонон маънии рӯ овардан ба ояндаи кишвар ва миллатро дорад. Аз ин рӯ бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон карда шуд.
Ҳамчунин нуқтаи мазкур дар Паёми моҳи декабр ба Маҷлиси Олӣ, ки «…Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд», низ таъкид гардид ва тақвият ёфт. Бинобар ин, вақте, ки дар бораи масъалае сухан меронем, лаҳзаҳои хеле мушкили таърихии пайдоиши онро пеши назар овардан лозим аст. Зеро танҳо бо донистани воқеияти таърихӣ мо метавонем ба ҷой, мақом ва нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот дар таърих баҳои одилона диҳем. Аввалҳои солҳои 90-уми асри ХХ Тоҷикистони имрӯзаи соҳибистиқлол дар марҳалаи гузариш чун солҳои давраи аввали ҳокимияти Шӯроҳо ҳудуди «табартақсим»-и худро соҳибӣ намуд ва таъсиси давлати соҳибихтиёри худро эълон дошт, вале бо мудохилаи бевоситаи қувваҳои беруна, ноӯҳдабароии мақомоти ҳокимияти давлатии он давраи Тоҷикистон ба мушкилиҳои сахту сангин рӯбарӯ гардид ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар мамлакат шурӯъ шуд, ки зарари иқтисодии он беш аз 10 млрд. доллари ИМА мебошад. Бо вуҷуди ин, аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, то ба имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда истодааст. Ин буд, ки баъд аз шаш моҳи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ парламенти кишвар Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро ба тасвиб расонид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё ва муайян намуд.
Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем,
Пайравони Пешвои миллатем!
Ҷалби ҷавонони кишвар ба касбу ҳунарҳои миллӣ ва парвариш ёфтани онҳо дар рӯҳияи фарҳангдӯстиву меҳнатпарастӣ вазифаи аввалиндараҷаи давлату миллат ба шумор меравад, зеро ин қишри ҷомеа дар соҳаҳои мухталиф дар тамоми кишвар ва ҳатто берун аз он кору фаъолият намуда, дар муаррифӣ ва рушди фарҳанги миллӣ саҳми босазо мегузоранд. Гузаронидани фестивалҳо, озмунҳо намоиши маҳсулоти ҳунармандон майлу рағбати насли ҷавононро нисбати омӯзиш ва рушди ҳунарҳои мардумӣ зиёд гардонида, баҳри ғизои маънавӣ бахшидан ба мардум мусоидат намуда, ҳамзамон боиси ҷалби таваҷҷуҳи хориҷиён ба маҳсулоти ҳунармандони тоҷик мегардад.
Мо, ҷавонон аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва алалхусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, бо дарки масъулияти баланд дар назди ҷомеа ваъда медиҳем, ки тамоми саъю талоши худро баҳри омӯзиш, эҳё, рушд ва дар барбари ин муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги миллӣ равона месозем.
Мо ҷавонони Ватан созандаем,
Дӯстдори давлати пояндаем.
Шукри истиқлолу ваҳдат, шукри сулҳ
Шукри ҳақ, ки бо лаби пурхандаем!
Аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и
назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт.