Рубрики
Uncategorized

МАҚОЛА: Бонувон пешсафони ҷомеа мебошанд

                        

“Зан- модар мавҷуди муқаддас мебошад. Ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом, аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.”   –    

              Эмомалӣ  Раҳмон  

Воқеан Зан-Модар муқаддастарин нафарест, ки бо бузургию офаридагориаш азизтарин мавҷуди олам гаштааст. Ба васфу қиммати Зан-Модар тамоми бузургону донишмандон садҳо достону таронаҳо хондаанду бузургии ин олиҳаи зиндагиро боз хоҳанд ситоиш кард. Таърих гувоҳ аст, ки модари тоҷик низ  дар ҳама давру замон  бо иродату матонат, иффату  рузгордорӣ, бузургию корнамоиҳояш симои хешро муаррифӣ кардааст.  Имрӯз низ дар даврони саодатбори     соҳибистиқлолӣ бо ибтикороти Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гиромидошту баланд бардоштани мақоми Зан- Модар тадбирҳои шоиста андешида мешавад.   Бо шукргузорӣ бояд таъкид намоем, ки бонувон на танҳо дар оила ва рузгордорӣ намунаанду фаъоланд, балки пешсафон ва созандагони ҷомеаи рӯ ба рушди имрӯз мебошанд. Зани тоҷик имрӯз дар соҳаи  сохтмону саноат, кишоварзию бонкдорӣ, тарбияю табобат, хизмати давлатию роҳбарӣ маҳорату дониш ва истеъдоду тавоноии худро нишон додааст. Модар на танҳо гаҳвораи фарзандро, балки гаҳвораи дунёро меҷунбонад. Зан- тарбиятгари имрӯзу фардои миллат буда, омӯзгори фарзанди оқил мебошад.   Ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа санадҳою дастурҳои муайян роҳандозӣ гардидаанд, ки ҷиҳати  татбиқи он дар назди мутасаддиён масъулияти баланд вогузор гардидаанд. Дар Барномаи ҲХДТ низ барои  дастгирию пуштибонии фаъолияти занон самтҳои муайян нишон дода шуда, ташаббусҳои бонувону ҷавондухтарони фаъол ҳамеша пуштибонӣ меёбанд. Расидан ба қадру қиммати модарону гиромидошти  қадри  бонувон  аз арзишҳои волои иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, ба пешрафти ҷомеа мусоидат ҳоҳад намуд. Зеро бонувон баробар бо мардон бори рузгордорӣ ва пешрафти ҷомеаро бар дӯш доранд. Занон барӯманд  вакилони халқ ҳастанд, ки манфиатҳои сокинонро дар Маҷлиси олӣ ва маҷлисҳои маҳалии вакил они халқ ҳимоят мекунад. Бонувон  беҳтарин мушовир ва маслиҳатгар мебошанд, ки дар пешрафти ҳаёту зиндагии мардум нақши бориз мегузоранд.     Расидан ба қадри заҳмати занон шарафи бузург маҳсуб ёфта, ҷавоб ба муҳаббати поку самимии ин насли латифу тавоно хоҳад буд. Таҷлили Рузи модар низ санаест, ки аз гиромидошти Зан, Модар шаҳодат медиҳад.   

 Севара Фозилова- мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *