Рубрики
Uncategorized

МАҚОЛА: Истиқлолият дастоварди бузурги таърих

         Беҳтарин  ин неъмате, ки инсониятро барои расидан ба ҳадафҳои арзишманд раҳнамун сохта, ҷавҳари ҳастии ӯро рушду такомул бахшида, дар шинохти воқеӣ пирӯз мегарданд, ин Истиқлолияти давлатӣ аст.  Маҳз бо ҳамин сабаб миллатҳо дар тӯли таърих доимо талош мекарданд, ки ба ин неъмати бебаҳо ноил гардида, тақдири минбаъдаи давлатдориро мустақилона муайян намоянд.

Баъди пош хӯрдани Ҳокимияти Шӯравӣ бо роҳи табаддулот ба сари ҳукумат омадани гурӯҳҳои алоҳида авҷ гирифта, бо истифода аз чунин шароит қувваҳои сиёҳ, аз қабили Ҳизби наҳзат ва хоҷагони хориҷиашон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфта, халқи тоҷик чӣ қадар ба бесару сомониҳо, беадолативу нооромиҳо, мардумрабоӣ,  занону духтаронро зери шиканҷа қарор додану кӯдакони бегуноҳро ятим гардонидан, рехта шудани хуни чандин нафар мардуми бегуноҳ , гуреза гардидани беш аз 1 миллион  мардуми тоҷик  ба давлати Афғонистон ин ҳама гувоҳи онанд, ки ин ҷанги бародаркуш чӣ қадар вайрониҳову харобиҳоро ба бор овардааст. Дар тӯли солҳои 1992-1997 шаҳрвандони зиёде ақди никоҳи худро бекор карданд, оилаҳо пош хӯрданд, масъалаҳои ҳалталаби нав ба мисли хушунату зӯроварӣ, зиёд шудани оилаҳои носолим ва ғайраро дар пешорӯйи аҳли ҷомеа қарор дод, ки ин ҳама таъсири ҷанги шаҳрвандӣ буд.

         Хушбахтона, бо шарофати роҳбари он солҳо ҷавони давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон   – халқ тавонист такя ба ақлу хиради азалӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ нуқта гузошта, парчами сулҳу суботро дар фазои якдигарфаҳмӣ парафшон созад ва Истиқлолияти давлатиро ҳимоя намояд.

         Вожа ё иборае, ки охири асри  гузашта ва оғози асри навин барои ҷомеаи Тоҷикистон муқаддасу муҳим ба ҳисоб меравад, ин Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Зеро халқи тоҷик баъд аз ҳазор соли таназзули давлати тоҷикон – Сомониён миллати тоҷик тавонист бори дигар соҳиби давлати миллӣ гардад ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон кишвареро ба номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ бахшид. Аз ин рӯ Истиқлолият бузургтарин дастоварди миллати тоҷик мебошад. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд,  дунявӣ ва ягона ворид гардид.  Кишвар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мушкилоту нобасомониҳо дучор гардида бошад ҳам, вале хиради азалии мардуми фарҳангсолору тамаддунофар боис гардид,  ки дар муддати кӯтоҳ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардида, ин мушкилиҳо паси сар гаштанд.

Маҳз пойдориву устувории ваҳдати миллӣ ва барқарории Истиқлолияти давлатӣ, осоишу озодии мардум, ободии Ватан  ва таъмини шароити арзанда барои тамоми сокинони кишвар бо талошу заҳматҳои  шахсияти сулҳовару сулҳдӯст ва сулҳофар, фарзанди фарзонаи миллат, Раиси  муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст омадааст.

 Ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, мо имрӯз соҳиби давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, соҳиби Нишони давлатӣ, Парчами Тоҷикистон, Суруди миллӣ ва дигар муқаддасоту арзишҳои фарҳангии миллӣ  ноил гардидем.

         Аз ин рӯ мо бояд, ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ шукрона намоем, аз чунин Ватани ободу зебо, шукрона намоем аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва шукрона намоем, аз Пешвои дурандешу сулҳофарамон Эмомалӣ Раҳмон ва  аз давлатдориву арҷгузориашон ба Истиқлолияти давлатӣ, ки мо имрӯз миллати тоҷик дар фазои тинҷу осуда оромона зиндагонӣ менамоем.

Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ашт                                 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *